Баргузории силсилаи дарсҳои кушод ва намунавӣ дар донишгоҳ

Тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати донишгоҳ дар кафедраву факултетҳои донишгоҳ баргузории дарсҳои кушод идома доранд. Ин навбат дар лабараторияву марказҳои барҳавои Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ ва факултетҳои молия, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ дарсҳои кушоди омӯзгорон баргузор гардиданд. Дар маркази тадқиқоти таҷрибаи давлатдори Пешвои миллат дарси намунавии мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, дотсент Шӯҳрат Саидзода, дар толори лексионии инноватсионӣ дотсепнт Тӯхтабой Тӯхтаев, дар синфхонаҳои факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ дарси кушоди омӯзгорон Райҳона Мирмаҳмадова ва Мирзокомил Комилов доир шуданд. Дар ҷараёни баргузории дарсҳои кушоди омӯзгорон намояндагони раёсати донишгоҳ иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушод ва намунавӣ, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани машғулиятҳо, роҳандозии усулҳои фаъоли таълим, ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши технологияи рақамӣ ва инноватсионӣ арзёбӣ карда мешавад.

 

 

 

 

You might also like