Иштироки донишҷӯён дар мурофиаи судӣ

Имрӯз донишҷӯёни соли дуюми шӯъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки аз фанни  таҷрибаомӯзии таълимӣ дарс меомӯхтанд бо роҳбарии таҷрибаомузии таълимӣ  Очилова Ф.А. дар ҷараёни суди сайёри шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Раисикунандаи Маҷлиси судӣ судяи Суди ш. Хуҷанд  Дӯстзода М.Т., ёрдамчии калони прокурори ш. Хуҷанд Нишонов А.Б., котиби маҷлиси судӣ Шарифзода М.Ш. ва ҳимоятгар Неккадамзода Н, буданд, ки  дар маҷлиси сайёри судӣ судшаванда бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2, КҶҶТ ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Судшаванда тариқи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳу равияҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташ манъ гардидааст ворид шуда ҷонибдорӣ ва онро тарғиб кардааст.

“Мо хостем, ки донишҷӯёни мо ба ин Маҷлиси судӣ иштирок карда бубинанд, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил шудан ва ҷонибдорӣ намудан ҷавобгарӣ дорад” мегӯяд роҳбари таҷрибаомӯзӣ Очилова Ф.

Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёни риштаи  хукукшиносӣ бештар таҷрибаомузии хешро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегузаронанд ва дар Маҷлисҳои судӣ иштирок менамоянд.

Ҳадаф аз ташрифи донишҷӯён дар суди сайёр ин шиносоии бевосита дар ҷараёни мурофиаҳои судӣ, такмил додани донишҳои назариявиву амалӣ, андӯхтани таҷрибаи пешқадам ва ба ин васила тақвияти дониш ва малакаву маҳорати тахассусӣ арзёбӣ карда мешавад.

You might also like