Баргузории корҳои тарғиботӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Бо мақсади шинос намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо шароиту имкониятҳои  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон рӯзҳои 07 ва 08 феврали 2023 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №5, 34, 40, 80, 84 ва мактаб барои хонандагони болаёқати деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби декани факултети ҳуқуқшиносӣ дотсент Шероз Тоҷибоев  ва мудири кафедраи забони тоҷикӣ, дотсент Юсуф Кенҷаев  корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба роҳ монда шуд.

Дар рафти чорабинии ташвиқотӣ ба хатмкунандагон вобаста ба раванди таҳсил дар шуъбаҳои рўзона ва фосилавӣ, факултетҳои донишгоҳ, ихтисосҳо, пояи моддтю техникӣ, Маркази таҳсилоти рақамӣ, ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ, таҳсил дар факултети муштарак ва ғайраҳо маълумот дода шуд.

Соли ҷорӣ бо иқдоми раёсати донишгоҳ барои ҷалби довталабони лаёқатманд олимпиада байни хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор шуда истодааст. Дар ҷараёни баргузории корҳои тарғиботӣ байни хатмкунадагони муассисаҳои дар боло номбаршуда давраи якуми олимпиада баргузор карда шуд, ки дар рафти он зиёда аз 600 нафар хатмкунандагон иштирок намуданд.

Ҳамзамон ба хатмкунандагон буклету дигар маводи тарғиботӣ дастрас карда шуд.

You might also like