Ифтитоҳи озмоишгоҳи телекоммуникатсионӣ дар ДДҲБСТ

Дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади омодасозӣ ва бозомӯзии касбии кадрҳо мувофиқи талаботи муосир, табодули таҷриба дар рушди усулҳои пешқадам ва технологияҳои таълим, мусоидат ба паҳнкунии маълумот аз рӯи тадқиқоти илмӣ, коркардҳои нав, мақолаҳо ва маводи дигар озмоишгоҳи телекоммуникатсионӣ ифтитоҳ гардид.
Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ ректори донишгоҳ,д.и.и., профессор Муъмин Шарифзода ва директори раёсати минтақавии ҶСП «ТТ мобайл» дар вилояти Суғд Раҳматҷон Раҳматов иштирок намуда, ҷиҳати тақвияти минбаъдаи фаъолияти озмоишгоҳи телекоммуникатсионӣ ва ҷалби мутахассисони ташкилоти мазкур барои гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва семинарҳо, роҳбарии таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ, инчунин корҳои курсӣ ва тахассусию хатмкунии донишҷӯён ёддошт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди таҳсилот ибрози андеша карданд.
Ректори донишгоҳ Шарифзода М.М. иброз дошт, лабораторияи нав имкон хоҳад дод, то сифати таълим барои донишҷӯёне, ки аз рӯи ихтисосҳои «Технологияҳои иттилоотӣ» ва «Системаҳои бисёршабакаи телекоммуникатсия» таҳсил мекунанд, беҳтар гардад. Ҳамзамон директори раёсати минтақавии ҶСП «ТТ мобайл» дар вилояти Суғд Раҳматҷон Раҳматов иброз кард, ки «Ман итминон дорам, ки иштироки мо дар раванди таълим барои омода кардани мутахассисоне, ки ба воқеияти соҳаи телекоммуникатсия комилан мутобиқ шудаанд, мусоидат мекунад. Мутахассисони мо донишҷӯёнро бо навтарин тачхизоти алока ва таҷрибаи пешкадам шинос хоҳанд кард. Муҳассилин ба дурустии интихоби касби худ боварй хосил намуда, дониши худро бо амалия мустахкам кунанд “.
Дан интиҳо изҳори умед карда шуд, ки ҳамкориҳои раёсати донишгоҳ бо ширкати мазкур дар дигар самтҳо тақвият дода мешавад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like