Истиқбол аз дастоварди варзишии донишҷӯи ДДҲБСТ

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Довуд Махкамов, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди бокс соҳиби мақоми сеюм гардида буд, дар саҳни донишгоҳ истиқбол карда шуд. Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Банкоги Таиланд байни варзишгарон аз рӯи намуди бокс доир гардид ва донишҷӯи ДДҲБСТ Довуд Махкамов бо шикаст додани ҳарифони хеш ба гирифтани мақоми сеюм комёб шуд.
Варзишгарро намояндагони раёсати донишгоҳ, садорати факултети молия ва бахши ҷавонон пешвоз гирифтанд.
Довуд Махкамов дар вазни 71 кг ба майдон баромада, соҳиби ҷоиза ва медалу дипломи мусобиқаи байналмилалӣ дониста шуд.

 

 

 

 

 

You might also like