Аз амалҳои зишт ҳамсоя бегона гардид…

Кас мақолаи муфассали коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнаморо мутолиа намуда, бевосита ангушти ҳайрат мегазад ва ба андешаи чуқур фурӯ меравад, ки наход қирғизҳо ин қадар мавзеи Тоҷикистонро дар замонҳои гуногун аз они худ намуда, ба ивази ин қадар некиҳо боз ба тиру туфанг даст зада, ҷони садҳо тоҷикони бегуноҳро рабуда бошанд.

Аслан баҳсу мунозира ва оқибат ба ҷангу муноқиша расидани сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон қабл аз ин ҳам ҷой дошту то ба ҳадди вазъи имрӯза нарасида буд, ки ба ҷангу ҷидол, хунрезиву оташзанӣ оварда расонд, ки онро қирғизҳо аввалин шуда оғоз намуданд.

Замони сари қудрат будани президентон Аскар Акаев, Курманбек Бакиев, Алмазбек Атамбаев дӯстии тоҷику қирғиз ба дараҷаи хуб ва ҳамсоягӣ қарор дошт. Касе андеша намекард, ки чӣ аз они кист? “Сарҳади тоҷикон аз куҷосту аз они қирғизҳо куҷост?” Ин ду миллати ҳамҷавор рафтуомад, тиҷорат, доду гирифт доштанд. Ҳатто президент Аскар Акаев санаде қабул намуда буд, ки дар он тоҷику қирғиз миллатҳои наздик, аҳволи иҷтимоиашон якхела, дӯстию бародариашон абадӣ пойдор мемонад, барин мазмун дошт.

Танҳо ба сари қудрат омадани Президенти ҳозираи Қирғизистон Содир Ҷабборов боис шуд, ки муносибати ин ду кишвари ҳамсоя якбора бад шавад, ҳатто ниҳоят тезутунд шуда, ҷангу хунрезиҳо рух диҳад. Талафоти ҷонӣ аз ҳар ду ҷониб ҳам ба амал омад, рӯзе саркардаи ин гуна иғвогариҳо Содир Ҷабборов чун ҷинояткор пурсида мешуда бошад даркор?

Ба харитаҳои ин ду ҷумҳурӣ, ки дар мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо оварда шудааст, назар андозем, мебинем, ки фақат ҳудудҳои муайяни тоҷикон дар давоми солҳои гуногун аз тарафи қирғизҳо аз они худ карда шудааст, лекин ягон ваҷаб ҳам аз рӯи харита тоҷикон заминҳои қирғизҳоро аз худ накардаанд. Канӣ инсоф! Бар далели ин гуфтаҳо, мо дар мавқеи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон зиндагӣ мекунем. Номҳи маҳаллии ҳозираи Қирғизистон бо забони тоҷикӣ номгузорӣ шудаанд, мисли: Тагоб, Маргум (Моргум), Андарақ (Андар ағба), Дархум, Чурбак (Чорбоғ). Пештар деҳаи Андарақ маҳалли тоҷикнишин буд ва ҳоло ҳам ҳаст, ба уезди Хуҷанд ворид мешуд, аз ин маълум мегардад, ки ин мавзеъҳо пештар ба тоҷикон мансуб будааст. Бубинед, дар Тоҷикистон номи ягон мавзеи сарҳадӣ бо забони қирғизӣ номгузорӣ нашудааст-ку!

Бинобар дар масъалаи сарҳадҷудокунӣ ба далелу санадҳои ҳуҷҷатӣ такя намуда, аз рӯи он бо иштироки Созмонҳои байналмилаливу масъулони Федератсияи Россия анҷом додан, талаботи замон аст. Чунки тоҷикон созандаву ободкоранд, ҷаҳониён аз ин шуғли тоҷикон бохабар ҳастанд, таҷовузгар нестанд, ба ягон кишвар таҳдид ва ё ҳуҷум накардаанд, дар таърихашон ҳам зикр нашудааст.

Ин амали зишт ва нобакориро қирғизҳо оғоз карда, ду маротиба бо фармони саркардаи худ Содир Ҷабборов анҷом доданд. Аз ин рӯ, аз рӯи ҳуҷҷатҳои аниқ муайян кардани сарҳаду ҳудуди байни Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳифз кардани ҷони мардумони ин ду кишвар аст, ки ҳар чӣ тезтар бояд анҷом дод.

 

Кенҷаев Ю. – и. в. мудири кафедраи забони тоҷикӣ, дотсент                  

You might also like