Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

санаи 15 декабри соли 2022 Форуми II ҷумҳуриявии иқтисодиро дар мавзуи

«Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар

шароити ҷаҳонишавӣ», бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли

давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд.

Барои иштирок дар кори форум коршиносон, олимон, кормандони

муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда

мешаванд.

Ҳадафи форум аз мустаҳкам намудани робитаи илм бо истеҳсолот,

мубодилаи афкор ҷиҳати дарёфт ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба баланд

бардоштани рақобатпазирии субъектҳои алоҳидаи хоҷагидории минтақа ва

дар умум иқтисодиёти миллӣ дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ, гузариш ба

ҳадафҳои рушди устувор иборат буда, дар доираи он мавзуъҳои меҳварии

зерин пешбинӣ мегардад:

Рушди устувори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташаккул ва

муаммоҳо;

Рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ – омили мустаҳкам

намудани таҳкурсии иқтисодӣ;

Рушди соҳибкорӣ дар низоми баланд бардоштани рақобатпазирии

иқтисодиёти миллӣ;

Саноатикунонии босуръат – заминаи ташаккули иқтисодиёти

инноватсионӣ;

Иқтисодиёти рақамӣ ва мавқеи он дар таъмини рақобатпазирии

иқтисодиёти миллӣ;

Масъалаҳои ҳуқуқии ташаккули иқтисодиёти рақобатпазир дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Густариши робитаҳои иқтисодии берунаи Тоҷикистон дар арсаи

байналхалқӣ;

Таъсири вазъи сиёсӣ ба таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ;

Нақши минтақаҳо дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии

Тоҷикистон;

Аҳамияти сармоягузорӣ, ниҳодҳои молиявию қарзӣ дар таъмини

рақобатпазирии корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ.

Забони кори конференсия:  тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар кори конференсия форум

мақолаҳои худро тариқи чопӣ ва электронӣ ба кумитаи тадорукот то санаи 1

декабри соли 2022 пешниҳод намоянд.

Матни мақола бояд  бо формати Microsoft Office Word, фосилаи байни сатр

1,5 мм бо истифодаи  ҳуруфи Times New Roman Tj (бо забони русӣ – Times New

Roman), шрифти 14, ҳошияҳояш 2 см омода шуда бошад.

Ҳаҷми мақола бояд  на кам аз  5 саҳифа (формати А4) иборат бошад.

Маълумот дар бораи муаллиф(ҳо)-и мақола бо зикри насаб, ном ва номи

падар, дараҷаи илмӣ, номи муассисаи таълимӣ ё ташкилоти илмӣ (пурра), ё

вазифа ва ҷои кор, кишвар ва шаҳр дар кунҷи тарафи рост оварда шуда, номи

бахш пеш аз унвони мақола гузошта шавад.

Унвони мақола бояд мундариҷаи мақоларо дақиқ ва мушаххас тавсиф

кунад.

Иқтибосҳо дар қавсайн бо қайди рақами адабиёт аз рўйи рӯйхати

сарчашмаҳо ва саҳифаи он бояд ишора шаванд.

Руйхати адабиёт дар охири мақола бо назардошти саҳифаи умумии

сарчашмаи истифодашуда навишта шуда, мувофиқи талаботи ГОСТ Р 7.0.5 –

2011 таҳия карда шаванд.

Матни мақолаи пешниҳодшаванда нусхаи ниҳоӣ маҳсуб шуда, бояд пурра

аз назари таҳрир гузаронида шавад ва аз ѓалат тоза бошад.

Асолати матн на камтар аз 70% ҳаҷми мақоларо ташкил диҳад (дар

барномаи «Антиплагиат» санҷида мешавад).

Масъулияти боэътимодии аснод ва муҳтавои мақолот бар дўши

муаллифон мебошад.

Мақолаҳое, ки талаботҳои болоиро доро намебошанд, мавриди баррасӣ

қарор намегиранд.

Нишонии электронӣ барои ирсоли мақолаҳо: dabir77@mail.ru ё мустақиман

ба нашриёт  (ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, ДДҲБСТ, бинои таълимии №1,

утоқи 309).

Телефон барои иртибот:  (83422)  2-31-63

You might also like