Идомаи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи забони давлатӣдар донишгоҳ
Дар кафедраву факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабиниҳои мухталиф ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ доир шуданд.Дар факултети баҳисобгирӣ ва андоз чорабинии фарҳангӣ–адабии факултетӣ бахшида ба Рӯзи забонидавлатӣ ва дар факултети бизнес ва идоракунӣ мизи мудаввар таҳти увони “Забони миллат – ҳастии миллат” ташкилу баргузор шуданд. Дар китобхонаи илмии донишгоҳбошад таҳти унвони “Рушди забони давлатӣ – омили ҳастиимиллат” чорабинӣ доир гардид.
Зимни баргузории чорабиниҳо аз ҷониби баромадкунандагон таъкид шуд, ки масоили забон пайваста дар суханрониҳо ва сўҳбатҳои Пешвои миллат мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта, дар китоби Сарвари давлатамон таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат» мавриди таҳқиқу пажўҳиши густурдаи илмӣ қарор гирифтааст. Ин асари пурарзиш пешоҳангиву пуштибонии ин сиёсатмадори абарқудратро роҷеъ ба мақоми таърихии забони тоҷикӣбарҷаста ифода карда, саршори муҳаббати самимии муаллиф ба забон ва соҳибони он мебошад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки чорабиниҳое, ки ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ доир гардиданд, арзи эҳтироми самимии аҳли донишгоҳро ба ин муқаддасотифода месозад.
Дар чорабиниҳо доир ба паҳлӯҳои муҳими забонимиллӣ сухан рафт. Аз ҷумла, зикр гардид, ки масоили забону фарҳанг ҷузъи ҷудонопазир ва рукни муҳимисиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба хотири рушду такомулбахшидани арзишҳои моддию маънавӣ ва гиромидоштирукнҳои муҳими давлатдорӣ пайваста тадбирҳои амалӣандешида мешавад.
Албатта ҳар нафаре, ки дар чорабиниҳои Рӯзи забонидавлатӣ махсусан донишҷўён, иштирок карданд, аз маърўзаҳои илмии устодон баҳраҳои зиёд бардоштанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки иштирокчиён ҳамеша ҳикмати бузурги аҷдодонро дар мавриди пос доштани арзишҳои олии миллӣ дар раванди таҳсилу илмомўзӣ ва умуман дар зиндагии худ мавриди амал қарор медиҳанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа














