Созмону ташкилотҳои экстремистиву террористӣ таҳдиду хатар ба миллату давлат
Дар ҷаҳони муосир таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои ифротиву террористӣ бештар ба назар мерасад. Аслан худи пайдоиш ва истифодаи андешаҳои ифротиву террористӣ ва ё ҳамон экстремизму терроризм аз умқи таърих сарчашма гирифта, бештар барои расидан ба ҳадафу мақсадҳо истифода шудаанд.
Мафҳуми экстремизмро аксарияти олимону донишманд гуногун шарҳу баён кардаанд, вале аз ҳама маънои мушаххас ин гурӯҳу ҳаракатҳои оштинопазир ва дар фаъолияту амалашон аз ҳади зиёд мегузарандро фаҳмидан мумкин аст. Яъне, нафарони ифротгаро дар назару дидгоҳи атрофиён нафрат доранд ва дилхоҳ амали онҳоро танқиду таҳқир мекунанд.
Равандҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон доданд, ки гурӯҳу ҳакаратҳои ифротгарои динӣ бештар фаъол гардида, бештар дар давлатҳои мусулмоннишин фаъолият менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти инсонҳо дар омӯзишу фаҳмиши арзишҳои динӣ аз ҳад гузашта, дидгоҳу тафаккури ифротиро дар мағзи худ ҷой медиҳанд. Ифротгароҳои динӣ фаъолияту амалҳои шариатии ҳамдинони худро қабул надошта, бо роҳу усулҳои таҳқиромезу пастзанӣ ба руҳияи онҳо таъсир мерасонанд. Ҳатто, дар аксари ҳолат ифротиҳо аз лафзу суханҳои бад ба рафтору кирдорҳои амалӣ мегузаранд. Нафароне, ки ба ақидаву андешаҳои онҳо созгор намегиранд, тариқи зӯрӣ метарсонанд. Ин амали онҳо аз ифротгароӣ ба тундгароӣ (радикализм) иваз шуда, таҳдиду хатарҳои дигарро ба сари инсонҳо меоваранд.
Роҳбарону саркардагони андешаҳои экстремистиву радикалӣ пайи амалӣ кардани ҳадафу мақсадҳои худ, аз фаъолияти назариявӣ ба амалӣ мегузаранд. Барномаву оинномаи худро дар асоси андешаҳои экстремистиву радикалӣ таҳия карда, ташкилот ва ё созмон таъсис медиҳанд. Дар асоси ин созмон байни мардум ҳаракатҳои ташвиқотиву таблиғотӣ бурда, пайравону аъзоёнашонро зиёд мегардонанд. Ба назари коршиносон аксарияти пайравону аъзоёни ингуна ташкилоту созмонҳои экстремистӣ аз илму маърифати бунёдӣ фарсахҳо дур буда, саводи кофӣ ва ё ҷаҳонбинии солим ба муҳити атрофу фазо надоранд. Аксарияти экстремистҳо шахсони ранҷида аз касеву чизе, кинаву адовати шахсӣ бо касе ва душманиву бадхоҳӣ ба ҷамъияте, дине, миллате, давлате мебошанд.
Вақте ки экстермистҳову радикалҳо тафаккуру андешаҳои худро аз назари фаъолияти амалӣ қавӣ мегардонанд, ба амалиётҳои куштан, ғорат кардан, кафондан, тарсонидан ва ғайра мегузаранд, ки дигар онҳоро террористон меноманд. Таҳлилу мушоҳидаҳо тасдиқ карданд, ки созмонҳои экстремистиву террористиро баъзе доираҳои сиёсӣ ва давлатҳои манфиатхоҳ таъсису пуштибонии молиявӣ ва идораву ҳидоят мекунанд. Пас аз он, ки ин созмонҳо аз ҷониби муассисон ва ё пуштибонон идораву роҳнамоӣ мегарданд, аз ҷониби онҳо барои ба даст овардани манфиатҳои геополитикӣ ва геоиқтисодӣ истифодаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мегарданд.
Ҳамин аст, ки дар дилхоҳ гӯшаҳои минтақа ва ҷаҳон амалиётҳои террористии ингуна созмонҳо ба вуқӯъ меояд ва ин нишонаи он аст, ки манфиатхоҳон дар ҳар минтақаи ҷаҳон ингуна ташкилоту созмонҳои махфии террористии худро доранд. Ҳолати зарфиятӣ ва имкониятҳои техникиву молии созмону ташкилотҳои террористӣ нишон медиҳанд, ки дар ҳақиқат бадхоҳон болои онҳо сармоягузории бузург мекунанд. Аз ин лиҳоз, вақте ки оиди фаъолияти созмонҳои террористӣ сухан мекунем ва онҳоро таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ меномем, бештар бояд ба пуштибону сармоягузорӣ онҳо диққат диҳем. Чӣ қадаре, ки муассису роҳбари асосии созмонҳои террористӣ аз назари пуливу молӣ ва техникаву технология қавӣ бошад, ҳамон қадар ба манфиатҳои миллӣ, давлату миллат ва арзишҳои инсонӣ таҳдиду хатарҳои бештар доранд.
Созмону ташкилотҳои террористӣ ба ҳар яки мо, оила, хешовандон, авлод, миллат, ватан ва дар охир ба давлату давлатдорӣ хафву хатару таҳдиди ниҳоят ҷиддӣ доранд. Бинобар ин, барои мубориза бо ин созмону ташкилотҳои террористӣ аз тамоми имкониятҳои моддиву маънавии миллату давлат бояд истифода барем. Пеш аз ҳама донишмандону олимони соҳа кӯшиш намоянд, ки мафҳуму моҳият ва сатҳи хатари онҳоро соддаву оммафаҳм ба ҳамватанони худ расонанд. Баъдан вазифаи ҳар як ҳукумату давлат ҳаст, ки зарфиятҳо, имкониятҳо, манфиатҳо, андешаҳо ва дар охир инсонҳои огоҳро дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои созмону ташкилотҳои экстремистиву террористӣ истифода баранд.
Туразода Ҷ. – декани факултети бизнес
ва идоракунии ДДҲБСТ