Баргузории семинари омӯзишӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёму суханрониҳояшон ба аҳли маориф, падару модарон, зиёиёну фаъолон ва умуман аҳли ҷомеа муроҷиат карда, таъкид менамоянд, ки масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани онҳо дар мадди аввал гузошта шавад.
Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва тибқи нақшаи раёсати донишгоҳ, санаҳои 20-26 сентябри соли 2022, дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №1, семинар-омӯзиш бо донишҷӯёни бахши аввали факултетҳои донишгоҳ гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Тӯрақул Ризоқулов, сардори раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, дотсент Зарина Самадова директор ва мутахассисони Парки технологӣ, мудир ва мутахассисони бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ ва муовинони декан оид ба илм иштирок намуда, ба донишҷӯён ҷиҳати самаранок истифодабарии китобхонаи илмӣ ва электронии донишгоҳ, илмомўзӣ, соҳиб гаштан ба малакаҳои касбӣ ва азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ қайд намуданд. Инчунин дар рафти семинари омӯзишӣ ба донишҷӯён оид ба имкониятҳои васеи донишгоҳ ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, мавҷудияти шароити мусоид барои пайдо кардани малакаҳои замонавӣ дар озмоишгоҳи инноватсионии Парки технологии донишгоҳ, қоидаҳои истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии донишгоҳ маълумот пешниҳод намуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






