ВАЗЪИ САРҲАДИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

Омилҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ба наздикшавии Тоҷикистон ва Қирғизистон мусоидат мекунад. Солҳои охир, хусусан, пас аз авҷи низоъи фаромарзии ба наздикӣ рухдода муносибатҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон торафт манфӣ ва ташвишовар муаррифӣ мешавад.  Агар аз рӯи навиштаҳои аксари воситаи ахбори омма ва коршиносон баҳо диҳем, ба назар мерасад, ки ҳарду давлат дар як муқовимати шадиди геополитикӣ ва иқтисодӣ қарор дорад. Аммо, оё ин дар ҳақиқат чунин аст? То куҷо дарки ин муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба воқеият мувофиқат мекунад? Оё дар инҷо таҳрифи вазъи воқеии кор ва муболиғаи потенсиали низоъ дар муносибатҳои ин ду давлати пасошӯравӣ вуҷуд дорад?

Зеро ҳар қадар мушкилоте, ки ҷонибҳоро аз ҳам ҷудо мекунад, ҳамон қадар дурнамои ҳалли хушбахтии онҳо душвортар менамояд – ва ё баръакс.

Ҳамсоя ба ҳабиби Худо баробар. Аз аввалҳои соле ки Тоҷикистон мустақилияти худро расман эълон кард ва зиёда 150 давлати дунё инро эътироф карданд, ҳамаи давлатҳои дунё мехостанд бо кишвари мо, ки ҳатто аз харитаи ҷаҳонӣ қариб буд баромада равад аз наздик муносибатҳои дипломатӣ барқарор намоянд чун Тоҷикистонро бо куҳҳои осмонбӯсаш ҳамагон мешиносанд. Ба ин монанд яке аз ҳамсоягони мо низ ки Қирғизистон ном дорад мустақилияти моро низ қабул кард ва аз аввалин рузҳои мустақил шудан, дар ҳама соҳа ҳамкорӣ мекард… Ва бо гузашти вақт дар ин мобайн, сафарҳои кори сарварони давлати ҳар ду ҳамсоя байни кишварҳои худ оғози дустӣ ва ба имзо расидани даҳҳо созишномаҳо буд…

Чунин маълумот дар шабакаҳои иҷтимоии Қирғизистон пайдо шуд, ки ҷониби Тоҷикистонро дар вайрон кардани созиш айбдор мекунад. Зиёда аз 10 сол қабл, Қирғизистон ва Тоҷикистон шартномаеро имзо карданд, ки дар қисматҳои номаълуми сарҳади давлатӣ сохтмон сурат намегирад. Аммо дар тӯли тамоми ин солҳо, ҷониби Қирғизистон нисбат ба риоя накардани ин қарордодҳо изҳорот доданд. Ҳар дафъа як тирандозии шифоҳӣ ба сангборон табдил меёбад ва сипас силоҳи оташфишон истифода мешавад, ки дар натиҷа одамони бегуноҳ мемиранд. Шумо аллакай то чанд баҳс мекунед? Тибқи хиради халқии тоҷик: «Ҳамсоя бо Худо баробар аст.» Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ он аст, ки чунин муносибат бо ҳамсоягонро ҷониби қирғиз на танҳо ба мо тоҷикҳо, балки ӯзбекҳо низ раво дида истодаанд ва ҳамин худ гувоҳ аст, ки дар ин низоъ ва муноқишаҳо айби кист.

Мор газида аз ранги сиёҳу сафед метарсад — чӣ тавре ки аз сомонаҳои интернетӣ (ба монанди Фейсбук Ютуб, Однокласники. Вконтакте ва ғайраҳо) ва расонаҳои хабарии ватанию хориҷӣ албатта дар расонаҳои ватанӣ (аввал таҳлил карда баъд вазъи ҳодисаро шарҳ медиҳанд) ба ҳамагон маълум аст, ки вазъияти сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ором нест. Бино ба иттилоотҳои аз сомонаҳои интернетӣ дастрас гардида, ҳар гуна навореро дидан ва мушоҳида кардан мумкин аст, ки вазъи кунунии сарҳад дар чи ҳол қарор дорад!

Ин муноқишаи байни сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон то он даме, ки ба ҳамагон маълум аст, аз аввали соли 2019 оғоз гардида буд, гарчанде ин баҳси сарҳадӣ пеш аз ин ҳам буд вале акнун ин баҳс то ба он ҷое расид, ки муноқишаи навбатие, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 16 сентябр ба амал омад, бори дигар собит сохт, ки гуруҳҳои манфиатхоҳ ва иғвогар аз тарафи кишвари ҳамсоя ҳамоно хостгори оромиву субот дар минтақаи марзӣ нестанд ва тавассути ҳар гуна ҳангомаву иғво мехоҳанд душманӣ эҷод намуда, ҳатто даст ба қатлу куштор зананд.

Итминони комил дорем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин муноқишаро ба зудӣ бартараф намуда, он сулҳу суботе, ки бо хуни ҷон ба даст омадааст нигоҳ медоранд. Мо ба сиёсати хирадмандонаи сарвари муаззами кишварамон боварии комил дорем ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

 

Мирзоҷонова М. Қ.н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забони ангисии ДДҲБСТ

You might also like