ОМИЛҲОИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ
Пешравии илму техника боиси пешравии ҷомеа аст. Аммо ногузир инсонҳоро ба кӯи танбалӣ низ мекашад. Зеро иҷрои кор бо воситаи техникӣ осон аст, нисбат ба иҷрои дастӣ. Шояд ҳамин гуна танбалиҳо имрӯз тамоми ҷомеаи сайёраро фаро гирифта бошад. Ё шояд то андозае ибрози ақидаи мо ғалат ҳам бошад. Аммо чун ба аксари ҷавонони имрӯз менигарем, истифодаи технология барои онҳо на бо ҳадаф, балки беҳадаф сурат мегирад.
Воситаи техникӣ, ба мисли комютеру телефон барои осон намудани кори инсон ихтироъ гардида, ҳудуди фаъолияти он то имрӯз бемаҳдуд боқӣ мемонад. Насли ҷавон танҳо аз ин восита қисми барояш ва ба синну солаш мамнуъро истифода менамояд. Масалан, ворид шудан ба сайтҳое, ки дидани ваҳшоният ва фаҳш, куштору қатл ва носазо барои шахсияте, ки акнун аз рӯи тиббию равонӣ шакл меёбад, хатари беандоза дорад.
Аз ин хотир, мо ҷиҳатҳои манфии васоити техникиро ҳангоми ба бачаю ҷавон додан, набояд фаромӯш созем. Дигар хатоии аксари калонсолон назорат накардани он ки аз ин васоит ҷавон ё наврас чӣ тавр истифода менамояд. Баъзе аз наврасону ҷавонон бехабар аз амали хеш ба ҳамин гуна сайтҳои мамнуъшуда ворид гардида, чӣ тавр ба гурӯҳҳои ифротӣ дохил мешаванд, волидайн ё мактабу донишгоҳ бехабар аст.
Ба гуфтаи коршиносон барои ҷавонони имрӯз як фанни таълимие лозим аст, ки истифодаи дурусти васоити техникиро фаҳмонад. Дар мактабҳои миёна таълими фанни технологияи компютерӣ ба роҳ монда шудааст, ки аксар ҷиҳати назариявии онро меомӯзад. Аммо ҷиҳати амалӣ ва хатари ҷиддии истифодаи зиёди васоити техникӣ омӯзонида намешавад. Аз ин хотир, дар марказҳои гуногуни компютерӣ барои бозиҳои мамнуъ, ки танҳо куштору зулму тааддиро нишон медиҳад, насли ҷавонро ҷалб менамоянд, ки муассиси чунин марказҳо бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Зеро психикаи насли ҷавон хеле ҳассос буда, наврасе, ки муттасил бо бозиҳои характери зулмпарварӣ дошта машғул мегардад, аз ӯ чиро умедвор шудан мумкин аст? Таътили хонандагон фаро расидааст, аз ҳамин лиҳоз мо муаллимон даъват ба амал меовардем, ки барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба китобхонӣ, марказҳои хониш, китобхонаҳо, волидайн дар ин самт фаъолиятро ҷоннок намоянд, то ин ки насли имрӯз ватандӯсту ободкор ба воя расанд.
Раҳматова Д.А. – дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ