ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ МИЛЛАТ АСТ!
Имзо гардидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» дорои аҳамияги байналхалқӣ буда, пеш аз ҳама барои таъмини соҳибистиқлолии ҷумҳуриямон, ваҳдати миллӣ ва ба минтақаи сулҳ табдил ёфтани Тоҷикистони азиз мусоидат кард.
Он лаҳза қабл аз созишномаи сулҳ амалан ҳал намудани масъалаҳои ҳаёти муҳими иқтисодӣ – иҷтимоӣ, сиёсии ҷумҳурӣ меистод ва барои ҳарчи зудтар бартараф кардани сохтори фалаҷгаштаи идораҳои давлатӣ, пеш аз ҳама ҳарбӣ кўшиш ба харҷ мерафт.
Яке аз омилҳое, ки пояи сулҳро ба мустаҳкамшавӣ наздик месохт, ин ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборие, ки садҳо ҳазар нафар худро ба шимоли Тоҷикистон ва хоки Афғонистан афканда буданд. Тибқи оморҳои расмӣ соли 1993 теъдоди онҳо ба 800 ҳазор расида буд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсилаи тадбирҳо андешида шуданд, ки онҳо барои таъмини сулҳу субот ва бозгаштани ҳамватанон мусоидат намуданд. Дар ин бобат қабули қонунҳо авф ва иловаҳо ба қонунҳои “Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва ғайраҳо шаҳодат медиҳанд.
Баъди имзо шудани Созишноми умумӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва заминаи сулҳ ва ваҳдат дар Тоҷикистон амалӣ гардид. Пас аз ин воқеаи таърихӣ дар мамлакат тадбирҳои ба сохтори ҳукуматӣ шомил кардани намояндагони мухолифин, ба ҷумхурӣ баргардонидани қувваҳои мусаллаҳи онҳо, таъмини фаъолияти озоди ҳамаи азҳоб ва ҷараёнҳои сиёсӣ, ки фаъолияташон ба қонунҳои ҷумхурӣ мухолифат намекунанд, андешида шуданд. Ин тадбирҳо роҳи сулҳро пойдор намуд ва то ба ҳол ваҳдати миллиро мустаҳкам карда истодаанд.
Бояд гуфт, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба мамлакат зарари моливу ҷониву маънавии бузург овард. Дар ин хусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: «Дар натиҷа садҳо биноҳои маъмурию истиқоматӣ, дабистону кўдакистонҳо ва деҳаҳои бутун валангор шуданд. Ғоратгарӣ ва талаву тороҷ авҷ гирифт. Маҳсули меҳнати солҳо ҷамъовардаи мардум барбод рафт. Зарари моддии ба ҷумхурӣ расонидаи ҷанг бештар аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил медод…».
Сулҳ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле гарон ва бо роҳи мушкилу тўлонӣ ба даст омад. «Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳамагуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсй, манфиатҳои ҳизбӣ, гурўҳӣ ва ғайра болотар ва даҳлнопазир бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, эҳтиром ва якпорча созад” – қайд менамоянд, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Рўзи 18 июли соли 1997 қариб 600 вакилон аз тамоми ҷумҳурӣ дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъ омада “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон”-ро таъсис доданд. Вакилон якдилона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” интихоб карданд. Дар оинномаи ин ҳаракат чунин қайд шудааст: “Ҳадафи асосии ҳаракат муттаҳид сохтани саъю кушишҳои табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва неруҳои Тоҷикистон дар мавриди барқарор намудани сулҳу суботи доимӣ, боварии тарафайну ризоияти шаҳривандӣ, аз буҳрон раҳо додани ҷомеа, таҳкими яклорчагии давлат ва интегратсия ба Иттиҳода Давлатҳои Мустақил, устуворӣ ва вусъат бахшидани демократия, комёб шудан ба риояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мебошад.”
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ овози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид.
Ин сулҳ, боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кўдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд ба зиндагӣ ва ба ояндаи гулгулшукуфоии Ватан гарм намуд. Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳрфарони миллати тоҷик ва иродаи некм ҳарду ҷониб буд.
Дар муддати 25-сол Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаӣ мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Имрўз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимой, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.
Ба хулосае омадем, ки Ваҳдат зеботарин ва бузургтарин баҳори зиндагии мо ҳаст. Бигизор Ваҳдати миллӣ сарчашмаи ободӣ, озодӣ, оромӣ ва зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мебошад. Таманно мекунем, ки ин ваҳдати миллии мо зиндаву ҷовидон бошад.
Туразода Ҷ. А. – декани факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ