ДДҲБСТ: Нақши зиёиён дар бунёди ҷомеаи муттамаддин ва таҳкими Ваҳдати миллӣ

11 июни соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши зиёиён дар бунёди ҷомеаи муттамаддин ва таҳкими Ваҳдати миллӣ” конференсияи илмӣ-амалии профессорон, омўзгорон ва муҳаққиқони ҷавон бахшида ба 90-солагии олим – сиёсатмадор, муаррих, профессор Султонов Шукур Маллабоевич ва 20-солагии таъсисёбии факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба корҳои таълими донишгоҳ, Ҳаким Ғаюров конференсияро ифтитоҳ карда, перомуни кору фаъолияти мондагори Шукур Султонов дар самти таълиму тарбия ва рушди соҳаи маорифи мамлакат ҳарф зад. Сипас намояндаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Сайдуллоева Умедахон баромад карда, иброз дошт, ки дар замири ҳазорон нафар ихлосмандон номи устод, профессор Шукур Султонов эҳсоси гарми муҳаббату самимиятро бедор ва афзун месозад. Давраи пешрафти илми таърихнигорӣ ва ҷомеашиносии Тоҷикистон бо кору пайкори ин абармард алоқамандии қавӣ дорад, илова шуд дар идома.
Кори конференсияи илмӣ-амалии профессорон, омўзгорон ва муҳаққиқони ҷавон бахшида ба 90-солагии олим – сиёсатмадор, муаррих, профессор Султонов Шукур Маллабоевич ва 20-солагии таъсисёбии факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқиро маърӯзаҳои профессори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Матлубаи Мирзоёнус таҳти унвони “Бозтоби замон ва сарнавишти замон”, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Шафкат Шарипов “Зиёии асил ва ҳимоятгари фарҳанги миллӣ”, декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалӣ, профессор Мунира Акмалова бо номи “Саҳми фаъолияти илмию педагогӣ ва ҷамъиятии профессор Шукур Султонов дар рушду нумӯи факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ” ва дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ М.Почоева дар мавзӯи “Асарҳои профессор Султонов Шукур Маллабоевич” идома дод.
Зимни баромади маърӯзачиён қайд гардид, ки Султонов Шукур дар байни таърихнигорони тоҷик аз ҷумлаи аввалинҳо шуда доир ба ҳаёт ва фаъолияти Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдуқодир Муҳитдинов ва Шириншо Шоҳтемур якҷоя бо муаррих Раҳим Масов очеркҳои таърихи иншо намудаанд. Шукур Маллабоевич солҳои 1993-1995 дар вазифаи ректори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони вилояти Ленинобод фаъолият намуда, аз солҳои 90-ум пешаи омӯзгориро дар кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ идома додаанд.
Ҳадаф аз баргузории конференсия ёдоварӣ аз фаъолияти назарраси олими варзида ва ходими давлативу ҷамъятӣ Шукур Султонов ва пайравӣ ба кору пайкори мондагорашон маънидод гардид.
Конфронс бо шеъру сурудҳои дастаи созиву овозии “Ошёни меҳр”-и донишгоҳ ба интиҳо расид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like