ПАЙМОНИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ АСОСИИ НООРОМИҲО ДАР БАДАХШОН
Раҳбари Паймони миллӣ ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкили “ҷиноҳи низомӣ”-и мухолифинро “як раванди табиӣ” донистааст.
Албатта, сабабгори аслии ин нооромиҳо мухолифони ба истилоҳ сиёҳрӯй ба ҳисоб мераванд. Чунки онҳо дар ин росто дорои маҳорату малакаи махсуси ҷалбкунандагӣ мисли занҳои сабукпойро доро мебошанд. Дар солҳои 90 уми қарни гузашта ҳамаи мо аз ин кори онҳо огоҳӣ дорем ва бе ҳеҷ шаку шубҳа қабул мекунем.
Онҳо мухолифини русиёҳ ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд ва оқибати чоҳкан зери чоҳ аст.
Чӣ хеле, ки Фирдавсии бузургвор фармудааст:
Касе, к-оташи ҷангу кин барфурухт,
Дар он оташи ҷангу кин худ бисухт.
Филми мустанади “Шикасти фитна”, ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар бораи иқроршавии Мамадшоева Улфатхоним ва Холбашов Холбаш нишон дод худ далели гуфтаҳои боло буда, онҳо бо киҳо ҳамкорӣ намудан ва чӣ қадар маблағҳоро аз хоҷагони хориҷии худ дастрас намуда ба нооромии як гӯшаи биҳиштосои ватани маҳбубамон Бадахшон саҳмгузор гардиданд муайян шуд. Бо вуҷуди он, ки аз кирдорҳои нохалафона ва бадкирдоронаи худ пушаймон гардида бошанд, ҳам даҳҳо хонаводаро ба азо шинонидан, садҳо ҷавонро мағзшӯӣ карданашон ҳеҷ гоҳ бахшиданӣ нест. Инро на ҳар шахси тоҷик, модари Хоруғиву Рушонӣ ва давлату миллат намебахшад.
То ба кай ин нохалафони наҳзатӣ ба ҳадафҳои пасипардагии худ давом медода бошанд ва боз чӣ нақшаҳоеву дастурҳое омода мекарда бошанд баҳри шиорҳои бардурӯғ ва иғвоангезонаашон.
Мардуми осоишта ва ҷавонони огоҳи кишвар аз ҷумла, ҷавонони Бадахшонӣ дигар ба наҳзатиён ва ҳампаймононашон бовар намекунанд ва ба даъваташон лаббайк намегӯянд. Чунки хоинии онҳо чандин маротиба бо далелҳои равшану возеҳ аз ҷумла, бо иқроршавии саркардагон ва фурӯхташудагони наҳзатӣ муайяну ба воситаи шабакаҳои телевизионии давлатӣ нишон дода шудааст.
Мо ҳам ҳамчун қишри ҷудонашавандаи ҷомеаи мутамаддини кишвари азизамон ба ин хиёнати нобахшидании наҳзатиён ва тарафдоронашон бетараф набуда, кирдорҳои разилонаашонро маҳкум ва ба модароне, ки дар ин нобасомониҳои ахир фарзандонашонро аз даст додаанд ҳамдардии хешро баён менамоем. Бигзор хоинону хиёнаткорон ҳеҷ вақт ба ҳадафҳои нопокашон нарасанд ва ноком бимонанд. Нест бод ҷанг, нест бод хоинон.
Ҳусайнов М. – муаллими калони кафедраи
таърих ва диншиносии ДДҲБСТ