НИГОҲДОШТИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КИШВАР

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.

Сулҳ — оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст.

Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон берун овардан, ҳамдигарфаҳму покзинату миллатдӯст будан.

Ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони  берунмарзӣ  мавқеву  мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омузиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисер ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ  ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати пойдории ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рузгори мардум ру ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ру меорад. Чӣ хеле ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон   иброз  менамоянд:  «Ҳар касе, ки ниҳоле  сабзонда бошад, медонад, дарахт  соле  як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо  ниҳоле  низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решаи  он расад».

Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрузҳо меваҳои  ширину  бисере ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати  нави  давлатӣ,  сиёсати соҳибистиқлол  гардидани Тоҷикистон,  сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Ҳақиқатан  Ваҳдати  миллӣ  шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу  амонӣ  ва дустӣ  ҳукмфармосг, он давлат руз то руз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан  меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ  ва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ  пеш меравад.

Маҳз бо кушишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ  Раҳмон миллати  парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ  падидор аст.

Ҳасанов М. – мутахассиси шуъбаи тарбияи ДДҲБСТ

You might also like