ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚЎЪ: ЧАНД АНДЕША ДАР МАВРИДИ ҲОДИСАҲОИ БАДАХШОН

Рўзҳои охир вазъи сиёсӣ дар Бадахшон боз муташанниҷ гардид, ки амнияти кишвари моро шикананда ва мувоҷеҳ ба хатар намуд. Ин буҳрон боиси истифода гардидани амалҳои тахрибкорона ва нерўи ҳарбӣ шуд, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт. Аз ин рў, ҳолати ба амал омада аз ҷиддияти мушкилот дарак медиҳад, ки метавонад ба амнияти кишвари мо хатари ҷиддӣ тавлид намояд. Хусусан дар шароити имрўза, ки бинобар вазъи ҳамсоякишвари мо Афғонистон, мушкилоти сарҳадӣ бо Қирғизистон, эълони мухолифини дар хориҷ қарордошта барои муборизаи мусаллаҳонаи сиёсӣ, баҳсу ҷадалҳои мавҷуда дар атрофи буҳронҳои қаблӣ дар минтақаи Бадахшон вазъи амнияти кишвари мо то як андоза нигароникунанда гардида буд, буҳрони зуҳурнамуда метавонад таҳдиди ҷиддие ба амнияти кишвари мо бошад. Албатта зуҳури ин буҳрон таҳлили ҳамаҷонибаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро талаб мекунад, ки чаро вазъи минтақа дар як давраи хеле ҳассос барои кишвари мо ба чунин ҳолат печид. Дар ин маврид дар шабакаҳои интернетӣ дидгоҳҳои мухталифро дучор шудан мумкин аст, ки мухолифони дар хориҷ буда, фаъолияти гурўҳҳои ҷиноятпеша дар Бадахшон, нафарони фурӯхташуда ба хоҷагони хориҷа ва дигар омилҳоро муқассири чунин буҳронҳо меҳисобанд. Мушоҳида мегардад, ки чунин буҳронҳо то як андоза боиси қисматшавии (сегментатсия) ҷомеаи мо мегардад.

Дар умум вазъи имрўзаи Бадахшон кулли мардуми кишвари моро нигарон намудааст. Ин қазия мебоист бо роҳи дурусти сиёсиву ҳуқуқӣ ҳалли худро меёфт. Аммо бинобар сабаби боло гирифтани манфиатҳои гурўҳӣ, хостаҳои қудратталабӣ, муносибати бемасъулиятонаи доираҳои муайян нисбати амният ва суботи кишвар ин мушкилот ба як буҳрони печидаи сиёсӣ густариш пайдо намуд. Моро зарур буд, ки ҳамагуна вазъи низоъангезро дар минтақа тавассути музокира ҳаллу пешгирӣ намоем, то нерўҳои мухталифи манфиатхоҳро барои суиистифода намудан аз ҳолати мавҷуда дасткўтоҳ намоем.

Аслан мушкилоти Бадахшон чандин солҳо аст, ки ҳамчун масъалаи ҳалталаб аз худ дарак медиҳад. Роҳи самараноки ҳалли он ба андешаи коршиносони мухталиф ин музокироти конструктивӣ ва ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии минтақа ба назар мерасид. Дар ҳар сурат таҷрибаи ҳалли мушкилоти минтақа нишон медиҳад, ки тавассути низоъ ҳал намудани он ғайриимкон аст. Роҳи низомии ҳалли мушкилот дар ҳама ҳолат боиси ҷудогӣ ва дурии бештар шуда заминаро барои суиистифодаи гурўҳҳои мухолифин аз шароити баамаломада фароҳам намудааст. Агар дар хотир дошта бошем, аз қазияи соли гузашта низ мухолифин васеъ суиистифода намуда, мехостанд вазъи сиёсии кишвари моро ноором гардонанд. Аслан ҳар як мушкилоте, ки дар ҳудуди кишвар ба миён меояд гўё об рехтан ба осиёби мухолифони сиёсӣ аст, ки ҳафтаҳои охир муборизаи мусаллаҳонаро ба таври ошкоро эълон намудаанд. Эҳтимолан онҳо нуқтаи низоъангез ва заифро дар қазияи ҳалношудаи Бадахшон пайдо намуданд. Эҳтимолан миёни мушкилоти зуҳурнамуда дар Бадахшон, ба роҳ мондани эътирозҳои хушунатомез, ки боиси сар задани низои мусаллаҳона дар ин минтақа гардид ва эълони муборизаи мусаллаҳона аз ҷониби мухолифин пайванди муайяне ҷой дорад. Шояд онҳо ҳангоме, ки аз мухолифати муссалаҳона ва мавҷудияти ҷиноҳҳои мусаллаҳ суҳбат менамуданд маҳз амали тахрибкоронаи дар Бадахшон рух додаро дар назар доштанд.

Мутаассифона нерўҳои манфиатхоҳ аз мушкилоти зуҳурнамуда дар Бадахшон ба таври васеъ суиистифода намуда истодаанд. Аз ин рў, зарур мешуморем, ки ҳарчи зудтар мушкилоти мавҷуда ҳалли сиёсиву ҳуқуқии худро пайдо намояд, то заминае барои паҳншавии низоъи сиёсӣ дар миён намонад. Дар ин маврид ҳамаи мо сокинони кишварро зарур аст, хештандорӣ намуда, манфиатҳои миллию давлатӣ ва суботу оромии онро дар маддӣ аввал гузорем. Барои манфиатҳои ҳизбиву гурўҳӣ ва худҳонаамон суботу амнияти кишварро ба ҳам нарезем.

 

Солеҳӣ Ш. – муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ                                      

You might also like