Оромии бадахшонро халалдор насозед

Аз расонаҳои иттилоотиву хабарӣ маълум гардид, ки боз як гурӯҳ дасисабозони дигар тинҷиву оромии Бадахшонро халалдор сохтаанд. Санаи 16-уми майи соли ҷорӣ тахминан соати 18.30 дақиқа саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқир таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии Мамадшоева Улфатхоним Масумовна ва шахси дар ҷустуҷӯй қарордошта Шерзамонов Алим, дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ, бо мақсади халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, тарсонидани аҳолӣ ва таъсиррасонӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои қабули қарор ба манфиати ашхоси ҷиноятпеша гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил намуда, шахсони гумроҳро ба он даъвати беасос намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки ин дафъа гурӯҳи дигари ҷиноятпеша дар Бадахшон, ки ҳадафи асосиашон ноором сохтани вазъи ин минтақа мебошад соатҳои 20.40 дақиқаи рӯзи 18.05.2022 бо супориши Мамадбоқиров Мамадбоқир як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳ бо роҳбарии Назришоев Замир Маҳтобшоевич, соли таваллудаш 1993, сокини маҳаллаи Ш.Шоҳтемури шаҳри Хоруғ, ба хизматчиёни РВКД дар ВМКБ, ки дар бинои Суди вилоят вазифаҳои хизматии худро иҷро мекарданд, ҳамлаи мусаллаҳона намуда, норинҷаки дастиро тарконидаанд.

Дар натиҷаи ин амалҳои ғайриқонунии номбурдагон муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо, корманди шуъбаи оперативии РҚД ВКД капитан Қамишев Шуҳрат Абдуҷабборович ва командири взводи таъиноти махсуси Қисми ҳарбии 3503 ҚД ВКД лейтенанти калон Файзуллозода Абубакр ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ҳангоми зада гардонидани ҳамлаи мусаллаҳона ҷинояткор Назришоев З.М. захмӣ гардида, дар бемористон ба ҳалокат расидааст.
Мақомотҳои қудратии дар минтақаи Бадахшон буда, амалиёти безараргардониро нисбати гурӯҳи ҷиноятпеша, ки сабабгори сар задани бетартибиҳои оммавӣ ва заду хӯрди мусаллаҳона гардидааст оғоз намуда, вазъиятро зери назорати худ гирифтаанд.

Бояд қайд намуд, ки барои муайян кардани дигар аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки дар ҳамлаи мусаллаҳона иштирок карданд, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯро идома бахшидаанд.

Барои ҳамлаи мусаллаҳона нисбати саркардагони ин ҳодиса аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки тафтишоти ин қазияи нангин аз тарафи мақомотҳои дахлдор идома дорад.

Гурӯҳҳои ҷиноятпеша бояд хулосаи лозимӣ бароранд, ки ВМКБ ҷузъи ҷудонашавандаи Ҷумхурии Тоҷикистон буда, тақсимнашаванда мебошад. Мардуми шарифи Бадахшон аз азал дорои маданияту фарҳанги баланди инсонӣ буданд, ҳастанд ва мемонанд.

Мо ин кирдорҳои ғаразонаи гурӯҳои манфиатхоҳу ҷиноятпешаро қатъиян маҳкум менамоем. Оромии Бадахшонро халалдор насозед, зеро давлу миллат шуморо нахоҳад бахшид.

 

Мирзоев А. Н. – муаллими калони кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like