НЕСТ БОД ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ!
Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисми зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат, хурофоти асри миёнагӣ ва сиёсатҳои геостратегӣ ноҳамвор сохта, дар ҳамбарҳамиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст ва ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина, нерўманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.
Саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудааст. Террору одамкушӣ дар тӯли таърих бо шеваҳои гуногун аз худ дарак додааст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Онҳо аз сохти давлатие ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон ҷавобгӯи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошад.
Аслан бояд қайд кард, ки терроризм зуҳуроти мураккаб аст. Мавқеияти сиёсӣ ва иҷтимоии он ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад. Он тӯли таърих дар миёни пайравони динҳои гуногуни яҳудӣ, насронӣ, ислом, ҳиндуизм, буддоӣ ва сикҳ вуҷуд доштааст.
Ҳанӯз солҳои “ҷанги сард” дар замони ҳузури Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон, дар хоки Покистон дар даҳ ҳазор мадрасаи динӣ беш аз 50000 ҷавонони ҳабдаҳсоларо таҳти омӯзиш ва парвариш қарор додаанд. Тӯли чиҳил соли охир дар Покистон мутобиқи дастури кишварҳои бонуфуз ба омӯзиши ҷавонони Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Миср, Индонезия, Яман, Сурия, Алҷазоир, Либия, Марокаш, Филиппин машғуланд. Аз миёни шогирдони ин мадрасаҳо Абдулло Иззом, Усома бини Лодан ва Айман Завоҳирӣ роҳбарони ҳаракатҳои террористӣ гардидаанд.
Баъди шикасти “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ ҷангиёни ин ташкилоти террористӣ давлатҳои Аврупоро ба майдони амалҳои террористии худ табдил дода истодаанд. Коршиносон бар он ақидаанд, ки пешвоёни зиндамондаи “Давлати исломӣ” кӯшиш доранд, то дар шаҳрҳои калони Аврупо дар мавзеъҳои мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд.
Дар арсаи байналмиллалӣ гурӯҳи террористии “Ҳизб-ут-таҳрир” хеле фаъол гардидааст. Ин ташкилот ҳанӯз соли 1953 дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ таъсис ёфтааст. Он вақт Байтулмуқаддаси Шарқӣ ба ҳайати давлати Урдун дохил мешуд. Ба мамониатҳо нигоҳ накарда шӯъбаҳои ин ташкилоти террористӣ дар Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Ҷанубу Шарқии Осиё амал менамоянд.
Баъди шикасти “Давлати Исломӣ” дар Сурия ва Ироқ як қисм ҷангиёни ин созмонҳои террористӣ бо роҳҳои гуногун ба Афғонистон оварда шуданд. Дар музофотҳои шимолии Афғонистон террористони созмони “Давлати Исломӣ” мавқеи мустаҳкам доранд ва сафи он аз ҳисоби ҷалби ҷавонони маҳаллӣ пурра мегардад.
Маълумотҳо мавҷуданд, ки террористон аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддири Афғонистон соле ба миқдори 200 миллион доллари амрикоӣ даромад ба даст меоранд.
Вазнинии масъала аз он бармеояд, ки имрӯз “Ҷамоатҳои хуфта”-и созмони «Давлати исломӣ» ва тарафдорони мухтори онҳо хатарзо њастанд. Тарзу шеваи муборизаи террористон тағйир ёфтааст. Онҳо аз усули “Гурги якка” истифода намуда, бо ёрии корд ё воситаи нақлиёт даст ба одамкушӣ мезананд. Усул ё амали террористии “Гурги якка”- ро пешакӣ муайян кардан ниҳоят душвор аст. Ҳамчунин, мубаллиғони хилофат ба воситаи интернет дар Аврупо, Амрико ва Россия тарафдорони худро ба ҳуҷумҳои якка даъват намуда, ин гуна ҳуҷуми террористиро “Ҳуҷуми илҳом” номидаанд.
“Ҷиҳоди мухтор” ривоҷи эҷодкоронаи минбаъдаи усули фаластинии террори инфиродӣ бо истифодаи воситаҳои дастрас аз тарафи “Давлати Исломӣ” мебошад. Аз рӯи баҳогузории таҳлилгарон амалҳои террористие, ки “Гургони якка” анҷом медиҳанд, нисбат ба амалҳои террористони худкуш дар Сурия ва Ироқ таъсири бештари сиёсӣ доранд.
Дар Сурия ва Ироқ шикаст хӯрдани “Давлати Исломӣ” танҳо шикасти ҳарбист. Шикасти ҳарбӣ маънои ҳамчун тарҳи сиёсӣ, чун бренде, ки рӯҳу мағзи ҳазорон ҷавонони мусулмони суннимазҳабро ҷалб мекунад, аз байн рафтану нест шуданро надорад. Суст гардидани мавқеи созмони “Давлати Исломӣ” дар минтақаи Шом (Сурия ва Ироқ) боиси ба пинҳонкорӣ рафтани ҷамоатҳои ин ташкилот, ба биёбон кӯчида, дар намуди “Хилофати чирикӣ” фаъолият намудани онҳо мегардад.
Имрӯз зарур аст, ки кулли қувваҳои солими сайёра барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳимми муборизаи босамар бо ин вабои аср аст. Сарукор гирифтан аз “сиёсати дугона” нисбат ба терроризму экстремизм самараи кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбию сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам нооромтар месозад.
Маблағгузорӣ шудани ташкилотҳои террористию ифротӣ аз тарафи созмонҳои байналмиллалӣ ва давлатҳову фондҳо имрӯз барои касе пӯшида нест. Чунин ниҳодҳо поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳру уқёнусҳо ғарқ шудани ҳазорон гуреза, аз ҷумла, занону кӯдаконро нодида мегиранд.
Дар Афғонистон нерӯҳои ифротии минтақа, ки Афғонистонро ҷойи амали террористӣ қарор додаанд, аз фурӯши маводи мухаддир барои худ яроқу аслиҳа мехаранд. Мусаллам аст, ки чунин ҳамсоягӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон кори осон нест. Тоҷикистон, ки садди роҳи интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба давлатҳои минтақа ва ҷаҳон гардидааст, сарфи назар ба ҳисороти молию ҷонии худ нақши кишвари буфериро иҷро менамояд.
Солҳои навадӯми асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон даврони мубориза бо экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронид ва дар ин роҳ миқдори зиёди фарзандони миллат ҷони худро аз даст доданд. Барои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм асоси ҳуқуқӣ лозим буд. Бинобар ин, соли 1999 барои мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза ба муқобили терроризм” имзо гузоштанд, 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расид. Қабули ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард. Ва ин мубориза имрӯз аз тарафи созмонҳои қудратӣ кулли қувваҳои солими ҷомеа идома дорад.
Яке аз муаммоҳои ҳалталаб роҷеъ ба масъала мавриди таҳлил, ин шомилшавии бархе аз ҷавонони мо ба созмонҳои ифротгаро мебошад. Аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мепайванданд, саводи зарурии динӣ ва ҳамчунин дунявӣ надоранд. Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Намоиши филмҳои дорои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи интернет сабаби дигари гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст будани савияи дониши қисми муайяни ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.
Роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад.
Муаммои мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм имрӯз муҳимтарин арзёбӣ мешавад. Яке аз омилҳои муборизаи муваффақона бар зидди ин вабои аср ва боздоштани шомилшавии минбаъдаи ҷавонони Тоҷикистон ба ин гурӯҳҳои ифротӣ метавонад тарбияи ҷавонони воқеан босавод ва бомаърифат бошад. Бо дарназардошти ин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон 12 майи соли ҷорӣ дар вохӯрӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон таъкидан иброз намуданд: “Танҳо миллати босаводу соҳибмаърифат ва кадрҳои донишманду баландихтисос метавонанд дар оянда давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба ҷомеаи башарӣ ба таври шоиста муаррифӣ кунанд”.
Қосимова М.И. – н.и.и., муаллими калони кафедраи иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ