БА ИДЕОЛОГИЯИ ХАРОБОВАР РОҲ НАДИҲЕМ!
Собиқ раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов 16 октябр соли 2018 дар шаҳри Хоруғ мулоҳизаҳои ҷолиб баён карда буд: “Тарси ман аз он идеологияи нодуруст, аз мафкураи хеле танги ҳамон ҷавонон, ҳамон мардуми мо аст”. Ин суханон на танҳо барои як минтақа балки тамоми мардуми Тоҷикистон бояд ибратомӯз бошад, зеро ба андешаи олими сиёсатшиноси тоҷик С. Ятимов : “дар сатҳи идеология низ шуури инсон метавонад ҳама гуна воқеъияти объективиро бо майли хеш таҳриф намояд. Ҳамин гуна таҳрифкориҳо, ғалат шарҳ додани воқеъити мавҷуда, ба гумроҳи кашидани мардум, хусусан ҷавонон дар ҳамаи мамолики навбунёд ҷой дорад … Барои ҳар миллат он ҳолатҳое фоҷиабор муқаррар мешаванд, ки агар ниятҳои бозигарони минтақавӣ ё геополитикӣ бо мақсадҳои ғаразноки шахсиятҳо ва гуруҳҳои дохилидавлатӣ мувофиқ карда шаванд (С. Ятимов. Идеология ва манфиати миллӣ. Душанбе, 2014) .
Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар чандин баромадҳояшон доир ба ин масъала зикр намуданд: «Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон карор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд».
Омори расмӣ нишон медиҳад, ки дар айни замон зиёда аз 1,6 млн нафар аҳолии Точикистон ба сомонаҳои шабакаи интернетӣ дастрасӣ доранд, ки ин тахминан 19 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳад. Бинобар ин аксарияти ҷавонон маҳз тавассути шабакахои интернетӣ озими давлатҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон гардида, ба сафи гуруҳҳои ифротӣ пайвастаанд.Терроризм ва экстремизм ифодаи амали тундгароӣ буда, экстремизми динӣ маънои мутаассиб дар дин ва мазхаб мебошад. Яъне зери таъсири андешаи дуруғи аз доираи таълимоти динӣ берун дар ниходи шахс хиссиёти экстремистӣ тарбия меёбад. Барои экстремист ягон мукаддасот: ватан, миллат, дин, мазҳаб, арзише надоранд. Кадом омилхо боиси хушунат ва ифротгарои дар чаҳон мешаванд? Ин пеш аз ҳама, аз донишу ирода ва тарбияи ҷавонон вобаста аст.
Бояд кайд кард, заминаи имконпазири афзоиши сафҳои ифротгароён ва террористон дар замони хозира асосан ҷавонони аз 18 то 27 сола ба шумор мераванд, ки ба дараҷаи камолоти иҷтимоӣ ва пайдо кардани таҷрибаи ҳаётӣ ва касбӣ нарасидаанд ва метавонанд ба осонӣ фирефтаи ин гуна равияҳои тундрави чаҳони имруза шаванд. Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор масъалаҳои стратегии худро ба амал бароварда барои бунёди ҷомеаи муттамаддин кӯшиш ба харҷ дода истодааст, аз ин ру агар мо амнияти давлати худро таъмин карда натавонем , ҳеч гоҳ масъалаҳои стратегиро ҳалу фасл карда наметавонем. Мисоли одди дар паҳлуи мо кишвари Афгонистон ҷойгир аст, беш аз чиҳил сол мешавад, ки дар ин давлат муноқиша ва моҷароҳҳои сиёсӣ давом доранд, ки ҳамаи он метавонад амнияти давлатии Тоҷикистонро ноором созад. Ин гуна зуҳуротҳо аз ҳар яки мо ҳушёриву зиракӣ, дониши диниву дунявиро талаб мекунад, то ки мо дар оянда фирефтаи гуруҳҳои нопоку ифротӣ нашавем. Имрузҳо давлатҳои хурду бузург манфиатҳои худро дар дигар давлатҳо меҷуянд, ки бо ин амалҳои худ сулҳу суботи ҷомеаи ҷаҳониро халалдор месозанд. Мисоли онро дар ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои мухталиф дидан мумкин аст.
Имрӯз инсониятро танҳо манфиат дар гирдоби чунин фитнаву ғавғо андохтааст, ки дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар он 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат доранд. Бинобар нооромии вазъият дар 60 давлати дунё такрибан 70 млн нафар манзили зист ва ватани худро тарк кардаанд.
Имрӯз, ки хушбахтона, қудрати давлат, ҳисси рушанбинии мардум хеле афзун гардидааст, минбаъд бояд мо ба он роҳ надиҳем, ки ягон намуд идеологияи харобовар вориди фазои маънавии кишвари мо гардад.
Ҳоҷиев Н. – устоди кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ