ҶАҲОНИШАВӢ, ХУДШИНОСӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТ

Ҳифзи Ватан, марзу бум, ҳимояи хоки поки аҷдодӣ вазифаи ҷониву қарзи имонӣ ва виҷдонии тамоми сокинони кишвар махсусан ҷавонон мебошад. Замоне фаро расидааст, бояд ҳар ҷавонмард нахуст ба Ватан-Модари хеш хизмат намояд, арзишу муқаддасоти милливу давлатиро ҳимоя созад.

Вазъи ногувори ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯзҳо ҳар сокини мамлакатро водор месозад то дар ҳифзи амнияту суботи мамлакат ва якпорчагии он  мароқ зоҳир намоянд.

Кишварҳои абарқудрат давоми даҳсолаҳои охир тавонистанд мамлакатҳои  орому осуда ва пешрафтаро ба мисоли Ироқу Сурия, Ливия, Яман ва ҳоло Украина бо баҳонаҳои гуногун ба нооромӣ ва кашмакашиҳои зиёд мавоҷеҳ карда ба харобазор табдил доданд.

Ҳаводиси охири кишвари пешрафтаи минтақа – Қазоқистон нишон медиҳад, ки гуруҳу равияҳои манфиатхоҳ, ки дар аксар маврид абарқудратҳои ғарбӣ дар паси он камин доранд, дар кӯтоҳфурсат амну субот, ва оромии Қазоқистонро барҳам зад ва мардумро муқобили ҳукумат ва давлати хеш шӯронд.

Муаммову мушкилоти бамиёномада дар вилояти Бадахшони мо низ аз ҳарвақта дида бештар сокинонро водор месозад то зиракиии сиёсии хешро аз даст надода, ба андешаву кирдорҳои гуруҳҳои ҷиноятпеша бовар накарда, манофеи миллӣ ва суботу оромии мамлакатро дар мадди аввал гузоранд.

Нагузорем, гуруҳе аз ҷинояткорону қонуншиканон, ки аксаран фирефтаи андешаҳои носолим ва муғризонаи мухолифони хориҷа қарор гирифтаанд, ба оромии мамлакт латма занад. Зеро сулҳ, ваҳдат оромӣ, амният, субот аз неъматҳоест, ки бояд ҳифз кард, арҷ гузошт ва мисли гавҳараки ҷашм эҳтиёт кард.

 

Маъруфов Ф.К. – муаллими калони кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like