ҲИФЗ ВА НИГОҲДОШТИ АМНИЯТИ КИШВАР – ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ

Ба ҳар яки мо маълум аст, ки давлат  – чун ташкилоти сиёсӣ ҳокимияти сиёсиро амалӣ сохта, идораи сиёсиро ба ҷо меорад. Чун ташкилоти таркибӣ давлат аз дастгоҳҳои давлатӣ иборат аст, ки ҳамчун маҷмӯи мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдор идоракунии давлатро амалӣ месозад. Давлат ташкилоти ҳудудиест, ки бо мақсади иҷрои корҳои умумӣ дар асоси тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ ва нишонаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфта, дорои ҳокимияти сиёсии омма буда, функсияи маҷбуркунии ҳуқуқӣ ва таъмини ҳамбастагии иҷтимоиро дар ҷомеа тадбиқ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чуд як давлати соҳибистиқлол давоми си соли охир вазифаҳои давлатии худро иҷро намуда, ба воситаи Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда ҳамчун давлатӣ ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона идора карда шуда, дар ин муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандӣ ба дастовардҳои назаррасе ноил гардид.

Вале, мутаъсифона нафароне дар ҷомеа падид меоянд, ки бо вуҷуди чунин пешравиҳо ношкурӣ намуда, ҳамеша кӯшиши монеа гаштан ба рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва дар фикри оғози бетартибиву нооромӣ дар кишвар мебошанд.

Ба ин ҳамаи он нафароне, ки дар гирдиҳамоии “осоишта”-и санаи 16 майи соли 2022 дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуданд, мисол шуда метавонад. Ба гуфти Радиои Озодӣ ва як қатор хоинони миллати тоҷик, ки айни замон дар хориҷа қарор доранд ин гирдаҳамоии “осоишта” буд. Вале, дар аксҳо баръало маълум аст, ки тамоми ҷавонони гумроҳе, ки дар ин гирдиҳамоӣ иштирок намуданд дар даст оҳан (арматура), яроқҳои сард (ба монанди корд), барои руйпуш намудани шахсияти худ ниқобҳо доштанд ва бо овозҳои воҳимаангез ва даъваткунанда бар зидди ҳокимияти қонунӣ баромад мекарданд. Аз ин ҷо, саволе ба миён меояд, ки куҷои ин роҳпаймоӣ осоишта аст, ҳангоме, ки онҳо бо яроқ ҳастанд?.

Иштирокчиёни ин роҳпаймоӣ аслан ҷавонони гумроҳе мебошанд, ки ба сифати як лухтаке дар дасти он шахсоне, ки мақсадҳои ғарази сиёсӣ доранд истифода мегарданд.

Чи тавре, дар хабари Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 майи соли 2022 омаддаст “17 майи соли 2022 аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, бевосита дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷинояткорон бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас карда, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар шаклҳои иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб намуданд.

Кирдори мазкур, барқасдона, ба муқобили пояҳои сохти конститутсионӣ равона шуд. Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи супоридани силоҳу лавозимоти ҳарби итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд”.

Роҳпаймоие, ки аз хориҷа идора гардида, бо яроқ ва дигар дастгириҳои гурӯҳҳои террористии хориҷӣ ба роҳ монда шудааст, чи гуна метавонад ба манфиати давлату миллат мо бошад?.

Вобаста ба ин, гурӯҳи ҷавонони гумроҳе, ки имрӯз дар ВМКБ ба гирдиҳамоӣ даст задаанд, як гурӯҳи ҷинояткор буда, бо супориши гурӯҳҳои террористӣӣ хориҷӣ амал намуда истодаанд.

Аз ин лиҳоз, мардуми сарбаланди Бадахшонро мебояд, ки ба дасисаву найрангҳои ин гурӯҳҳои террористӣ фирефта нагардида, нигоҳдошти сулҳу субот дар кишвар, сарҷамъӣ ва нигоҳдошти тартиботро вазифаи аввалиндараҷаи худ донанд.

Агар аз рӯи мантиқ фикр намоем, баробари ҳуқуқҳо мо ҳамчун шаҳрванд уҳдадориҳо низ дорем. Вале, ҳеҷ нафаре дар бораи иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди Ватан-модар ҳарфе намезанад.

Мо баробари талаби ҳуқуқҳои худ, бояд хуб дарк намоем, ки ҳифз ва нигоҳдошти амният дар кишвар ва ҳимояи он аз ҳар гуна гурӯҳҳои террористӣ вазифаи шаҳрвандӣ ва уҳдадориҳои конститутсионии мо мебошад. Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки иҷрои уҳдадории шаҳрвандӣ аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ болотар аст.

 

Ахмедов Ш.Ш. – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ 

You might also like