ҲНИ – ҲИЗБИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ТЕРРОРИСТӢ
Ҷомеа сохтори мураккаб ва душвор идорашаванда аст, зеро аз унсурҳои мухталифи сиёсиву ҷамъятӣ иборат буда, онҳо мақсадҳои гуногун дошта, барои ноил шудан аз усулу воситаҳои мухталиф истифода мебаранд. Лекин дар байни ташкилоту ҳизбҳои гуногун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ҳизби наҳзати исломӣ қарор дошт, ки он бо қарори суд ҳамчун ташкилоти террористӣ муайян ва фаъолияташ манъ карда шудааст.
Қобили таваҷҷуҳ аст ва аз сомонаҳои хабарӣ бармеояд, ки дар мувофиқат ба Низомнома оид ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстреместӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, таҳти №79, ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шудааст. Қаблан, ба ин рӯйхат чунин созмони террористӣ монанди “Ал – Қоида” ДИИШ, Ҳаракати Толибон, “Салафия”, “Бародарони мусалмон” ва ғайра номнавис шуда буданд, ки ин ташкилотҳои душмани дини ислом маҳсуб меёбанд.
Давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон 75 узви ТЭТ ҲНИ барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии ДИИШ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб – ут – Таҳрир”, “Ҷамоати таблиғ”, “Гурӯҳи – 24” ва ғайра боздошт гардиданд.
Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ шахсан ташкилкунанда ва маблағгузори табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 бо иштироки гурӯҳи мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода дар Тоҷикистон аст, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ҷустуҷӯи Интеропол эълон шудааст.
Аз он даврае, ки мо ба душвориҳои зиёд нобасомониҳоро паси сар намуда, тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азизамон роҳи созиш ва оштии миллӣ – роҳи ваҳдатро пеш гирифтем, вақти зиёде нагузаштааст. Мо бояд барои ҳифзи ин неъмати муттаҳидсоз, кулли мардуми тоҷик муттаҳид ва сарҷамъ бошем, Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҷомеаи муосир дар радафи бисёр дастовардҳо, такмили қонуниятҳои давлатсозию давлатдорӣ бисёр муаммову таҳдидҳо ҷой доранд, ки ин омилҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Яке аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ ба сулҳу амнияти ҳуқуқбунёди Тоҷикистони азизи мо терроризм, радикализм ва экестремизм мебошад. Ин падидаҳои ташвишовари муосир ҳамчун амали ҷиҳоду хизмат ба дин аз ҷониби афроди ҷиноятпеша рӯйпуш шуда истода, сафи пайравони ин ақидаи ботилро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳу бесавод афзун менамоянд.
Солиев И.М. – мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ