БА ГУРӮҲБОЗИҲО БОЯД ХОТИМА БАХШИД

Ба ҳар яки мо маълум аст, ки яке аз лидери ғайрирасмӣ дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ин  Мамадбокир Мамадбокиров мебошад, ки мардумро бо суханҳои бардурӯғи худ фиреб намуда, кӯшиш намуда истодааст то ҷиноятҳои худро руйпӯш кунад. Вале, бояд таъкид намуд, ки тамоми ҷинояткорон дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Ҳоло, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ягон лидери ғайрирасмӣ эҳтиёҷе надорад, зеро сохторҳои давлатие ҳастанд, ки тартиботи ҷамъиятиро ба тартиб медароранд.

Зеро мо шоҳиди он гардидем, ки роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ҳудуди ВМКБ бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои ғаразноки худ ҳолати мазкурро тобиши ҷамъиятӣ дода, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба таври ғайриқонунӣ гирдиҳамоӣ ташкил намуданд.

Аксарияти шаҳрвандон, ки барои иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ аз ҷониби мақомот боздошт шудаанд, дар ҳолати мастӣ қарор доштанд.

Саркардаҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва эътирозгарон аз ҳиссиёти авмбошӣ бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, сардори ШВКД шаҳри Хоруғро, ки бе яроқ буд, бо истифода аз корд захмӣ намуданд, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиёсатмадорон, сокинони фаъол ва аҳли зиё, аз ҷумла, академик Илолов Маҳмадшо, профессор Ҷамшедов Парвона ва дигар афроди маъуруфу шинохта, амалҳои ғайриқонунии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро қотеъона маҳкум намуда, ба хотири пойдории қонуният ва риояи тартибот дар вилоят аз кулли шахсони дар гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ иштироккунанда даъват доранд, ки фирефтаи доираи одамони манфиатҷӯи ин гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ нагарданд.

Дар чашми ягон инсони хирадманд, бо ақлу бо фаросат, ҳуқуқдон, равшанфикр пӯшида нест, ки дар кӯтоҳтарин фурсат чи ҳодисаҳои ғайриқонунӣ ва қонуншиканиҳо дар қаламрави Бадахшон иттифоқ афтодааст.

Қазоват бояд кард, ки хусусан мардуми огоҳу хештаншиноси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ, ки ҳодисаҳои ба амаломада на ба манфиати аҳолии осоиштаи Бадахшон ва на ба манфиати кулли Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Эгамназаров Ҳ.Ҳ. – мудири кафедраи забонҳои хориҷии ДДҲБСТ                        

You might also like