МУНОСИБАТҲОИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН
Афғонистон яке аз кишварҳои камшумори хориҷ аз блоки сотсиалистӣ буд, ки дар замони ҳокимияти шӯравӣ низ Тоҷикистон бо он алоқа ва иртибот дошт. Ин робитаҳо асосан дорои ҷанбаи фарҳангӣ буда, бо рафтуомадҳои гурӯҳҳои мусиқӣ, ҳунарӣ ва шоирону нависандагони ду кишвар маҳдуд мешуд. Бахусус пас аз инқилоби Савр дар соли 1978 ва вуруди артиши Шӯравӣ ба Афғонистон сатҳи робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон рушд ёфт. Дар ин давра сафарҳои мутақобилаи ҳунарии овозхонону сарояндагони шинохтаи тоҷику афғон дар шинохт ва наздикии бештари мардуми ду кишвар нақши зиёд мебозид. Дар солҳои 80-уми асри гузашта маъруфтарин овозхонони хориҷӣ дар Афғонистон сарояндагони тоҷик буданд.
Албатта, мавҷудияти муносибатҳои расмии ду кишвар дар замони шӯравӣ заминаи фароҳам шудани падидаҳое буд, ки ҳанӯз мавриди омӯзишу мутолиаи коршиносӣ қарор нагирифтаанд. Дар он солҳо ҳузури садҳо нафар мушовир, тарҷумон, афсар ва сарбози тоҷик дар сохторҳои мухталиф ва артиши Шӯравӣ дар Афғонистон, ки ба таври рӯзмара бо мардуми он тамос доштанд, имкони ошноии лозими тоҷикони муқими Афғонистонро бо ҳамнаҷодони ин тарафи дарёи Омӯ ба миён овард. Донистани мавҷудияти ҷумҳурие бо номи Тоҷикистон ва ҳарф задани аҳолии он бо забони тоҷикӣ барои хеле аз сокинони одии Афғонистон падидаи хушҳолкунанда ва ҳувиятдиҳанда буд.
Аз сӯи дигар, ҳузури сершумори мутахассисони тоҷик дар Афғонистон низ ба рӯҳияи худшиносии миллии онҳо ва махсусан таваҷҷӯҳ ба асолат ва покиза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ таъсири мусбат дошт. Ин таъсир дар солҳои баъдӣ дар расонаҳои ҷамъӣ ва таълифоти адабиву илмӣ бараъло мушоҳида мешуд. Фарҳангиёни тоҷике, ки дар Афғонистон кору фаъолият доштанд, аз тарҷумаи таҳтулафзӣ ва шаклии истилоҳот парҳез карда, ибораву калимаҳои бисёр зиёди барои он давра комилан тозаву ҷаззобро ба гардиш дароварданд. Имрӯз бо забони салису зебоӣ тоҷикӣ сухан гуфтани натанҳо фарҳангиён, балки роҳбарону мансабдорони кишварамон чун як амри табиӣ пазируфта мешавад, вале дар он замон ин падида бисёр арзишманд буд.
Бидуни шубҳа, бо истиқлолият ёфтани Тоҷикистон равобити Душанбеву Кобул вориди марҳилаи комилан нав гардид. Аммо, мутаассифона, иттифоқ афтодани нооромиҳои Тоҷикистон ва идомаи ҳарҷу марҷи сиёсӣ дар Афғонистон имкон надод, ки ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар аз рушду тавсеаи лозим бархурдор гардад.
Бо вуҷуди ин бо оғози даргириҳо дар Тоҷикистон Давлати Исломии Афғонистон ҳарчанд, ки худ мушкилоти зиёде дошт, натанҳо даҳҳо ҳазор паноҳандаи тоҷикро пазируфт, балки раҳбарияти ин кишвари ҳамзабону ҳамреша саъю талоши зиёде ба харҷ дод, то муноқишаи байни тоҷикон аз роҳи гуфтугӯ ва музокира ба натиҷа расад. Аз ин ҷиҳат роҳбарият ва миллати тоҷик ҳамеша аз саҳми бародаронаи шаҳидони роҳи озодӣ ва истиқлолияти Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва устод Бурҳониддини Раббонӣ қадрдонӣ мекунанд. Маҳз бо миёнравии роҳбарияти ин кишвари дӯсту бародар буд, ки аввалин дидори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифони тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ моҳи майи соли 1995 дар Афғонистон баргузор шуд ва раванди музокироти байни ду тарафро ба сатҳи олӣ баровард, ки самари он имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 буд.
Ҳамон гуна, ки роҳбарияти Давлати Исломии Афғонистон бо даргир будани худ бо Толибон ба бозгашти сулҳу субот ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ нишон медоданд, ҳукумати Тоҷикистон низ ба таври қотеона дар сатҳи минтақавиву байналмилалӣ аз давлати қонунии Афғонистон ҷонибдорӣ мекард ва аз ҳеч гуна ёриву мусоидат дареғ намеварзид. Бархилофи бархе аз кишварҳо, ки дар он марҳила дар масъалаи Афғонистон ё мавқеи бетарафиро ишғол карда буданд ва ё ҳатто кӯшиши барқарории тамос бо Толибонро менамуданд, роҳбарияти Тоҷикистон ба таври усулӣ аз давлати қонунии Афғонистон, ки онро Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ба расмият шинохта буданд, пуштибонӣ ба амал меовард.
Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид шуда, Тоҷикистон наметавонад аз он равандҳое, ки ба вазъи минтақа ё ҷаҳон таъсир доранд, бетараф бошад. Аз ин хотир, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба чандин масъалаи муҳимтарини ҷаҳони муосир ибрози андеша намуда, роҷеъ ба ҳаллу фасли онҳо таклифҳо пешниҳод намуда буд. Яке аз чунин мавзӯъҳои муҳим ба эътидол овардани вазъият дар Афғонистон мебошад. Дар баробари андешидани тадбирҳо ба хотири кўмак ба ин кишвари ҷангзада, Роҳбари Тоҷикистон дар бораи ба вуҷуд овардани «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон ба мақсади ҷилавгирӣ намудан аз қочоқи маводи мухаддир ва яроқ аз ин кишвар, таҷдиди иқтисодиёти он, ки яке аз шартҳои муҳимтарини рушди ин кишвар мебошад, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ борҳо масъалагузорӣ карда буд. Мубориза алайҳи чунин хатару ҷолишҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризм, тундгароӣ, гардиши маводи мухаддир мавзӯъҳое мебошанд, ки ҳамеша дар гуфтушунидҳои роҳбарияти Тоҷикистон бо ҳамкорони хориҷӣ ва ҳангоми ширкат дар ҳамоишҳои байналмилалӣ мавридӣ баҳсу баррасӣ қарор мегиранд.
Мирмаматова Р. А. – омўзгори кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ