ИҚДОМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САМТИ ТАЪМИНИ ОБИ ТОЗА

Масъалаи бо оби тоза таъмин намудани аҳолӣ дар ҳамаи гўшаи дунё, яке аз масъалаҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандона ва дурандешаи сарвараш Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаи дуюм аст, ки диқкати ҷаҳонро бо масъалаи бо оби тоза таъмин намудани аҳолӣ ҷалб менамоянд.

Аз ин хотир, пешниҳоди Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид 1-уми октябри 1999 соли 2003 – Соли Оби тоза эълон шуда буд.

Дар асоси ин ташаббус 20-уми сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд.

Бо ин мақсад 29-уми август то  1-уми сентябри соли 2003  дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

Марҳилаи дуюми ин даъват, яъне пешниҳоди эълон намудани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ин аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон 23-юми декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард.

Заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи об ва захираҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сараввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон [1], Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон [4], Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон [5], Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон [3] ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии зерқонунӣ, инчунин барномаҳои давлатӣ баромад мекунанд.

Бо мақсади ҳифзи фонди давлатии об ва заминҳои фонди давлатии об барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳифзи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодабарии об мебошанд, пас аз муҳокимаи лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми олии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон он аз тарафи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 29.11.2000 таҳти № 34 ба имзо расонида шуд, ки он аз 5 фасл, 24 боб ва 146 модаа иборат мебошад [3].

Ба сифати заминаҳои ҳуқуқии заминҳои фонди давлатии об барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳифзи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодабарии об, Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, ки ҳамчун ҳуҷҷати асосии давлатӣ ба шумор меравад, ки самтҳои асосии рушди устувори ҷомеа, мувозинати захираҳои табиӣ ва истифодабарандагони он, ташкил ва ҳамоҳангсозии муносибати истифодабарандагони захираҳои табиӣ ва худи табиат, рушди солими ҷомеа, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, инчунин роҳҳои барқароркунии фазои экологии вайроншударо муайян менамояд.

Иҷрои тадбирҳои пешбинигардидаи Барнома имконият медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ оид ба истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ ва беҳтар намудани муҳити зист корҳои муайян ба сомон расонида шавад, зеро дар ҷомеа ҳоло ҳам муаммоҳои экологии ҳалношуда боқӣ мондаанд.

Санаи 22.12.2017 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карда шуд, қайд намуданд: «Сиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод.

Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Мо ин сиёсатро идома медиҳем ва дар ҷодаи таҳкими ҳамкориҳо бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон минбаъд низ чораҳои зарурӣ меандешем.

Дар ин раванд, ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим арзёбӣ мегардад.

Барои расидан ба ин ҳадафҳо ва ҳалли масоили вобаста ба об кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ чандин ташаббусҳои созандаро пешниҳод кард.

Дар натиҷа, тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид.

Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод.

Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад.

Вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад» [2].

Тавре маълум аст, дар солҳои охир Пешвои миллати мо дар самти ҳалли масоили вобаста ба об дар арсаи байналмилалӣ ва минтакавӣ чандин ташаббуси созандаро пешниҳод кардаанд, ки онҳо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҳамчун барномаҳои дорои аҳамияти глобалӣ аз тарафи Созмони Милали Мутаҳид тасдиқ ва татбиқ гаштаанд.

Дар натиҷа тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид.

Дар ин самт Пешвои миллат ҳамчунин фармуданд, ки мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод.

Соли 2018 дар айёми таҳлили ҷашни Наврузи байналмилалӣ ва Рўзи ҷаҳонии об – 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оѓоз мегардад. Вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд [6].

Санаи 23-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви Созмони Милали Мутаҳид қабул намуд [7].

Чӣ тавре, ки ба мо маълум аст, ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.

Мутобиқи Қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурўъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. (22-юми март Рўзи ҷаҳонии захираҳои об эътироф шудааст.)

Зимни суханронӣ дар Форум Президенти кишвар зикр карда буд, ки “… таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд”.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, то дар идомаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015”, Даҳсолаи нави байналмилалӣ ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об мусоидат менамояд, роҳандозӣ шавад.

Даҳсолаи нав идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” маҳсуб ёфта, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт, 2005-2015” соли 2003 аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд ва худи ҳамон сол бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он давраи солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон гардид.

Баъдан, дар чаҳорчўби даҳсолаи мазкур Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид ташаббуси дигари Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул кард.

Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва дар асоси қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид солҳои 2010, 2013 ва 2015 се муколамаи фарогири Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид баргузор карда шуд. Илова бар ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Мутаҳид чорабиниҳои зерини байналмилалиро дар шаҳри Душанбе баргузор намуд: Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, моҳи июни соли 2010;

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об,  моҳи августи соли 2013;

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, моҳи июни соли 2015.

Моҳи июли соли ҷорӣ, Дабири кулли Созмони Милали Мутаҳид  гузоришеро дар бораи натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 интишор кард (A/71/260).

Тибқи гузориши мазкур, “Дастовардҳои Даҳсола назаррас будаанд. Дар таърихи Созмони Милали Мутаҳид Даҳсолаи мазкурро бо назардошти пешравиҳое, ки дар ҷараёни он ба даст омадаанд, бо ягон даҳсолаи дигар наметавон қиёс кард”.

Ҳамчунин, дар гузориш ишора ба он шудааст, ки “… даҳсола норасоӣ ва мушкилотеро, ки боиси суст гардидани пешравиҳо дар роҳи дастёбӣ ба ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои об шудаанд, ошкор намудааст.

Дар ин самт, ҳоло ҳам мушкилоти зиёд дар мудирияти захираҳои инсонӣ, ниҳодӣ ва молиявӣ ба мушоҳида мерасанд”.

Мувофиқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор”  масъалаҳои зеринро фаро мегиранд:

– рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва муҳити зистӣ;

– роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор;

– тавсеаи ҳамкорӣ ва шарокат дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат ба татбиқи вазифа ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, ки дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шудаанд, аз ҷумла ҳадафҳои рушди устувор.
Ѓайр аз ин, Қатънома аҳамияти рушди истифодаи оқилонаи обро бо дарназардошти робитаи мутақобилаи захираҳои об бо маводи ғизо, энергетика ва муҳити зист дар ҳама сатҳҳо таъкид мекунад.

Илова ба ин, Қатънома масъалаҳои зеринро ҳамчун ҳадафҳои иловагии Даҳсола муайян мекунад:

– такмили абзори ташаккул ва интишори дониш, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва мубодилаи иттилоот роҷеъ ба таҷрибаи беҳтарин, баҳрабардрорӣ аз иттилооти ҷадид дар бораи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об;

– бунёди шабакаҳо ва мусоидат ба ташаккули шарокат ва фаъолияти тарафҳои манфиатдор дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об;

-тақвияти фаъолиятҳои иртиботӣ дар сатҳҳои мухталиф барои дастёбӣ ба ҳадафҳои марбут ба захираҳои об.

Қатъномаи мазкур аз Дабири кулли Созмони Милали Мутаҳид тақозо менамояд, ки бо истифода аз имкониятҳои ниҳоди байниидоравии “Созмони Милали Мутаҳид-Об” ҷиҳати тарҳрезӣ ва ташкили фаъолият дар чорчӯби Даҳсола дар сатҳҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ бояд чораҳо андешад.

Дар ин раванд бояд натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015”, фаъолияти Форуми сиёсии сатҳи баланди Созмони Милали Мутаҳид оид ба рушди устувор ва кори Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки аз ҷониби Дабири Кулли Созмони Милали Мутаҳид ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст, ба назар гирифта шаванд.

 

Бобоев А. Х. – мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like