ВАТАНДӮСТ  БОШЕМ!

Бақои миллат ва пешравии давлат аз роҳбари олимпарвар ва илмдӯст вобаста аст. Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки чунин роҳбарро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардааст. Дар тӯли фаъолияти сиёсии худ Пешвои муаззами миллат дастггирии илм ва сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари сиёсати худ қарор доданд.

Аммо имрўз, ки ҷомеаи ҷаҳонро  ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва фаъолиятҳои ғайриинсонӣ ба ташвиш овардааст, ҷавононро мебояд нисбат ба ин масъала зиракии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз шароити дар даст дошта пайваста думболи омўзиши илму дониш ва касбу ҳунар бошему, барои ободиву шукуфоии Ватан, ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар саҳми арзанда гузорем.

Ба ин қишри созанда ҷомеа изҳори боварӣ шудааст, ки назар ба наслҳои пешина ба савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ дорад. Шукронаи Истиқлолият  менамоем, ки барои ҷавонон имрӯз тамоми дарҳо боз аст. Шукргузорӣ аз он менамоем, ки ҳамарӯза аз баракати роҳнамоӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат бархӯрдор гардида, дастуру ҳидоятҳояшонро дар амри ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватанамон ва мустаҳкамии сулҳу ваҳдати миллӣ сармашқи кори худ қарор медиҳем.

Фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи ҷавонон, ҷалби онҳо ба маҳфилҳои илмию озмунҳои фаннӣ, дастгирӣ ёфтани соҳибистеъдодҳо, навоварону ихтироъкорон, ташаккули нерӯи зеҳнии дорои ҷанбаи эҷодӣ, муҳайё сохтани фазои мусоиди иҷтимоӣ ва амсоли онҳо тадбирҳое мебошанд, ки Сарвари муаззами давлатамон дар назди ҷавонон гузоштаанд. Бо ин роҳ Пешвои миллат пайваста ба тарбияи ҷавонон, ки падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ буда, барои танзими ҳаёти ҷавонон ва пешрафти ҷомеа хизмат менамояд, таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Дар ҳама кишварҳо имконияти дониши босифат гирифтан ва кори хуб ёфтан барои ҷавонон фарқ мекунад ва дар ҷамъияти имрӯзаи мо чунин имкониятҳои зарурӣ барои ҷавонон муҳайё карда шудааст.

Бо ин ҳама дастгирӣ ва меҳрубониву ғамхорӣ ҷавононро мебояд, ки ватандӯсту ватанпараст, худшиносу худогоҳ бошанду барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани ҳар ваҷаб хоку гулу гиёҳи ин сарзамини муқаддас ва якпорчагии марзу буми он ҳамеша омода бошанд. Зеро муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми Модар баробар ва ҳамрадиф, донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Мо бояд Ватани худро баробари ҷони хеш дӯст дорему ватандӯсти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии ин сарзамини биҳиштосо талош намоем.

Боиси  шодмонӣ  ва  шукургузорист, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз ба рӯз рушд намуда истодааст.

 

Туразода Ҷ. А. – декани факултети бизнес ва идоракунӣ ДДҲБСТ

You might also like