ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР

Вожаи «террор»  ё  «терроризм», ки  имрӯз дар васоити ахбори умум хеле зиёд вомехӯрад, аслан маънои куштор, даҳшатафканӣ, даҳшатангезӣ, даҳшатовариро дорад. Ин зуҳуроти номатлубу даҳшатовар таърихи тӯлонӣ низ дошта, то ин сатҳ  доман густурдани он албатта таҳқиқу тадқиқоти сиёсию ҷомеашиносӣ ва ғоявию маънавиро тақозо дорад. Коршиносонро зарур аст, ки сабабу омилҳои пайдоишу рушди терроризмро ҳамаҷониба омӯзанд.  Зеро, чунин зуҳуроти тоқатшикану даҳшатзо имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардаст.

Дар саҳифаҳои  рӯзномаю маҷаллаҳо мехонему дарк мекунем, ки қисми зиёди террористон дар Шарқи  мусулмонӣ ва ҳатто дар Аврупою Амрико ҳам парчами исломро баланд бардошта, зери он “давлати  исломӣ бунёд месозем”, гуфта ба куштору даҳшатофарӣ машғул мешаванд. Вале ҳамон навъе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ва такрор ба такрор таъкид менамоянд, “терроризм дин, мазҳаб, миллат, ватан надорад ”. Ва дар асл ҳам дар китоби ягон дин, хусусан дини ислом нахондаем, ки инсон ба хотири ҳадафу маромҳои нопоку ношоистаи худ худкушӣ кунад ва туфайли худкушии худ чандин бандагони дигарро беҷон намояд. Ҳам ислом ва ҳам дигар динҳои маъмули дунё худкуширо амали нопок, ҳатто куфру бедиёнатӣ медонанд. Пас суоле ба миён меояд, ки террористҳои маргталаб  дар асоси кадом гуфтаҳо ва аҳкоми динӣ амал мекарда бошанд?

Ҳаводиси нангину марговари террористии мамолики Шарқи исломӣ ва ҳатто кишварҳои абарқудрати ҷаҳон водор месозанд, ки имрӯз аҳли хирад, донишмандону мутафаккирон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон роҳҳою усулҳои пешгирии чунин амалиётҳои номатлубу дунёбезоронаро ҳар чӣ зудтар дарёфт намоянд. Баръакси ҳол, терроризму экстеремизм, шубҳае нест, ки ба аксарияти мамолики дунё метавонад сироят кунад.

Минтақа ва ҷаҳони имрӯз ба ҳаводиси даҳшатбори экстремизм, радикализм ва терроризми динӣ-мазҳабӣ рӯз дар миён дар қолаби исломи сиёсӣ  даргир мешавад ва мақомоти расмӣ, ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи маданӣ ва умуман, мардуми минтақаҳои гуногуни ҷаҳон саъю талош меварзанд, ки дасти дарози ин даҳшатафканиро бигиранд. Аммо чунон ки шоҳидем, вазъ на танҳо беҳбудӣ намеёбад, балки рӯз аз рӯз дар қолабҳои нав муташанниҷтар мегардад. Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолики ба “шарофати” ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шукри беҳад, ки туфайли сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли зиё мутафаккирону донишмадон фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳукумрон аст, вале падидаҳои даҳшатноку марговари террористии кишварҳои гуногун ба мо низ бетаъсир нахоҳанд монд, зеро дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавии халқи Тоҷикистон ҳам узви ҷудонашавадаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин нуқтаи назар, гирифтани пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлубу даҳшатовар вазифаи ҳар як шахси поквиҷдону халқпарвар ва ватандӯсту ояндасоз мебошад.

 

Қоситов Ҷ.Р. – ассистенти кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

 

You might also like