Хатмкунандагони донишгоҳ ихтиёрӣ ба хизмат мераванд
Зиёда 170 нафар донишҷӯён- хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ихтиёрӣ барои адои хизмати Модар – Ватан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ Ҷумҳуриии Тоҷикистон ариза навиштаанд, иброз дошт ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода зимни мулоқот бо хатмкунандагон, ки имрӯз дар маҷлисгоҳи донишгоҳ баргузор шуд. Илова гардид, ки хушбахтона дар қиёс ба солҳои қаблӣ шумораи хатмкунандагоне, ки ихтиёрӣ барои хизмат ба Артиши миллӣ сафарбар мегарданд, зиёд мешавад.
Дар сӯҳбати озод роҳбари донишгоҳ афзуд, ки бояд ҳар як ҷавонмард барои ҳифзу ҳимояи сарзамини худ, Ватан-Модари худ камари ҳиммат бандад. Аз хатмкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки барои ҳимояи хоки поки меҳан ҳамеша омода бошанд. Донишҷӯён – хатмкунандагон, ки мехоҳанд адои хизмат намоянд пеш аз мӯҳлат имтиҳонҳои хатмро супоранд. Донишгоҳ тамоми шароиту имконотро барои ин қабил ҷавонмардон фароҳам меоварад, зикр шуд дар идома.
Сарвари донишгоҳ аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи қисмҳои низомӣ ёдоварӣ карда, зикр дошт, ки хизмат ба Ватан ба ҷавонон мардонагӣ, ҷасорат далериву шуҷоатро меомӯзад ва бояд ҳар ҷавонмард адои хизмат намояд.
Шарифзода М.М. ба масъулини шуъбаву сохторҳои масъули донишгоҳ супориш дод то мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ бо донишҷӯён ба ҳукми анъана дароварда шавад.
Дар идомаи мулоқот хатмкунандагон баромад карда, омодагии хешро барои хизмат ба Ватан иброз карданд. Яке аз чунин хатмкунандагон Муллобарака Ғаффоров буд, ки чун донишҷӯ-муҳаққиқи ҷавон соҳиби шаҳодатнома гардид. Ин донишҷӯи фаъоли донишгоҳ ҳамзамон яке аз аввалин хатмкунандагонест, ки ихтиёрӣ ариза навишт то хизмат ба Ватанро анҷом диҳад. Зимни баромад ӯ аз дастгириҳои раёсати донишгоҳ изҳори сипос намуда, аз ҳамсабақону ҷавонон даъват кард то дар хизмат ба Ватан ҳамеша омода бошанд.







