МАРДУМИ БОФАРҲАНГИ ТОҶИК ҲЕҶ ГОҲ БА ХОИНОН БОВАР НАХОҲАНД КАРД

Маълум аст,  ки имрӯзҳо яке  аз воситахое, ки барои пахн намудани иттилоот истифода бурда мешавад, ин шабакаҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Мувофиқи маълумотҳо дар замони имрӯза истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимои ба милиардҳо нафар расидааст.

Фаъолияти вайронкунандаи худро гурухҳои террористиву экстремисти бо хамин самт ба рох мондаанд.

Аз ин вазъият ташкилоти мамнуъи экстремистию террористии ТЭТ ҲНИТ истифода бурда, ҷавононро ба торҳои ифлоси худ печонида истодаанд.

Дар солҳои ҷанги шахрвандӣ ин гурухҳои террористии бисёр шахсони шинохта олимон, сиёсатмадорон, арбобони давлативу ҷамъиятии мамлакатро ба қатл расонидаанд ва ё ба ҷони онҳо суиқасд мекарданд.

Мо медонем, ки ТЭТ ҲНИТ ҳамеша аз фош шудани гуноҳҳои худ дар қазияи ҷанги шаҳрвандӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯз сахт ҳарос дорад, чаро ки ҳар нафар аз насли миёнсол ва солманди солимфикр ва огоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзараи замони бебандубори охири солҳои 80-ум ва ибтидои соли 90-уми садаи бистро, ки бо «ибтикор»-и ТЭТ ҲНИТ ва муллоҳои наҳзатманиш рӯйи кор омада буд, хуб дар хотир дорад: даъвиҳои ба истилоҳ, муллоҳо, мазҳабиёни хурофотӣ, мутаассиб ва демократмаобони вақт, ки дар масҷидҳо алайҳи режими коммунистӣ (ва дар асл, алайҳи низоми дунявӣ, ки меъёри усулии системаи давлатдории имрӯзаи миллӣ маҳсуб меёбад) муборизаи ҳадафмандонаи сиёсӣ мебурданд, ба ҳама маълум буду ҳаст ва ҳар кӣ имрӯз дар бораи рабт надоштани наҳзат ва субъектҳои он – муллою эшон, шайху охунд ва махсумҳои ҷоҳилу мутаассиб ба ҷанги шаҳрвандӣ даъвӣ пеш меоварад.

Роҳбари фирории наҳзатӣ хуб медонад, ки имрӯз амалҳои ҷинояткоронаи фош шудааст вале худро ба нодонӣ зада, кӯшиш менамояд бо ҳар роҳу васила мардумро ба гумроҳи барад ва дар хориҷ, аз ҳисоби демократмаобони рӯякии аврупоӣ пуштибонии молиявӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва маънавии нав пайдо намояд. Ин василаи сиёсиест, ки Кабирӣ аз он васеъ истифода мебарад ва умри ҳизби дар зоҳир навпараст, вале дар ботин вопасгароашро дароз кардан мехоҳад.

Айб аст, бисёр айб аст бо кӯлвори хурофоту таассуби динӣ ва  мафкураи бегона худро озодихоҳ вонамуд кардан! Кабирӣ ва баъзе наҳзатиён бо амалҳои намоишкоронаашон  ҷомеаи аврупоиро гул мезананд. Ин гуна дурӯғҳоро Кабирӣ бо мақсадҳои ғаразноки сиёсӣ мебофад ва интишор медиҳад. Чӣ илоҷ, барои раҳбари фирории наҳзатӣ ин роҳи расидан ба қудрат аст ва Кабирӣ аз ин василаи муассири сиёсӣ ва найранги салтанатхоҳӣ истифода мебарад.

Ба барда табдил додани мардум ва ҷорӣ намудани истибдоди динӣ-мазҳабӣ асли стратегияи наҳзатӣ мебошад, ки дастандаркорони ТЭТ ҲНИТ дар солҳои навадуми асри гузашта дар баъзе навоҳии водии Рашт ва Тавилдара он стратегияро роҳандозӣ карданд.

Гӯиё ин амалҳои ношоистаи хоинони ватанро мардум намедонад, аммо он амалхои ғайриинсононае, ки ин гурӯҳи террористию экстремистӣ дар соҳаи ҷанги шаҳрвандӣ ва пас аз он анҷом додаанд аз хотири касе намераванд чи хеле фашистонро аз хотир намебароранд.

Ин шахсони палид анакнун дар худ ниқкоби исломро пушида  мехоҳанд амалҳои ғайриқонунии худро бо рӯйирост дурӯғгӯи,  найранги  худро тариқи шабакаҳои интернетӣ  ба рох монанд.

Ҷавонон огоҳ бошед, ки ин исломигароён исломро ҳамчун ниқоб истифода мебаранд ва мехоҳанд мафкураи одамонро вайрон сохта, ба доми бало баранд.

Кабирии лаин ту фикр накун, ки ин миллати бофарҳангро бо макри худ бероҳа месозӣ, мо ҳаргиз ба суханҳои иғвоангезонаи ту бовар нахоҳем кард.

 

Хӯҷаназарова М.И. – дотсенти  кафедраи маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like