ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА ИНСОНИЯТ

Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвард, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст.

Яке аз масъалаи муҳими дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардида, ин мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад.

Террор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарини муборизаи замони инқилоб ва аксулинқилобҳо ба шумор меравад ва ҷомеаро дар давраҳои модернизатсияи сиёсии моҷарогароӣ ва муқовиматҳои иҷтимоӣ қавӣ менамояд.

Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Замони муосир терроризм ва экстремизм бо сурат афзоиш ёфта, дар фазои байналмиллӣ симои худро дигар намуда, ба рӯи худ ниқоби диниро пӯшидаанд.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ бо пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд.

Изофа аз ин, Маҷлиси Олии кишвар барои раҳои ёфтан аз таҳдидҳои гуногуни экстремистиву терроризм дар кишвар ҷавобгарии ҷиноятиро барои содир намудани ин амалӣ ваҳшиёна пурзӯр намуда, қонунҳои номбаршуда аз нав қабул намуд.

Бо боварии комил мо халқи тоҷик гуфта метавонем, ки мардуми осоишаи тоҷик далер ва сулҳхоҳи тоҷикон иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.

Аз ин хотир, бояд тадбирҳои судманде андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд.

Ахмедов Н.И. – мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва

пешгирии коррупсия

You might also like