Ҷавонон қувваи бузурги мубориза алайҳи падидаҳои номатлуб дар ҷомеа
Асри навин бо фазои гуногун, махсусан воқеоти дар худ фарогирифтааш аз асрҳои гузашта ба куллӣ тафовут дорад. Зеро падидаҳои номатлуб, ки имрўз ҷаҳонро зери ташвиш қарор дода истодааст, ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд намуд, ки терроризм падидаи нав набуда, дар замони муосир он тарзу усули хосаи худро ба вуҷуд овардааст. То замоне, ки ин падидаи номатлуб аз байн бурда нашавад, ҳеҷ кишваре худро дар амониву осоиштагӣ эҳсос нахоҳад кард.
Ҳамарўза амалиётҳои гуногуни террористӣ дар гўшаву канори олам бо амалисозии ҳадафҳои бадқасдона ва ғаразноки онҳо ба воситаҳои ахбори умум ва шабакаҳои гуногуни интернетӣ паҳн мегарданд. Ин мақсадҳои ғаразноки онҳо бевосита ба фаъолияти созмонҳои динӣ- экстремистӣ алоқамандӣ дорад.
Фаъолияти созмонҳои динӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як дин аз ҷараёнҳои ифротӣ холӣ нест ва ин ҷараёнҳо моҳияти таълимоти диниро ба манфиатҳои ғаразноки худ истифода менамоянд. Солҳои охир созмонҳое пайдо гардидаанд, ки бо истифодаи шиорҳои динӣ ва аз номи дин ба ифротгароӣ, экстремизм ва террор машғул мешаванд.
Як нуктаро бояд хотирнишон сохт, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ дар зери ниқоби ислом кишвари азизамонро ба арсаи нестшавӣ оварда буданд. Мухолифини тоҷик дар доираи собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъолият бурда буданд ва ҳамин ҳизби террористии харобиовар бо кирдорҳои нангину беномусонааш ба сари мардуми тоҷик бадбахтиҳои зиёд овардааст.
Яке аз самтҳои асосии мубориза бо зуҳуроти номатлуб дар муҳити ҷамъиятӣ ин анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ маҳсуб меёбад. Махсусан гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар баҳни ҷавонон хеле муҳим мебошад, зеро маҳз муҳити ҷавонон вобаста ба як қатор омилҳои объективӣ ва субъективӣ оид ба гаравидани онҳо ба ин гуна созмонҳои ғаҳриқонунӣ аз эҳтимол дур нест.
Азбаски қишри асосии ҷомеаи шаҳрвандии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, бешубҳа гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби террористию экстремистӣ дар байни ҷавонон нисбат ба бартараф намудани чунин зуҳурот хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ барои омода гардидани ҷавонон баҳри ҳимоя ва пуштибонӣ аз ватани маҳбуб, рушду нумӯи кишвар ва зиракии сиёсии онҳо имкон фароҳам меоварад, ки ба умеду боварии Сарвари хирадманди кишвар сазовор бошанд.
Бояд иқрор шуд, ки имрўз ягон кишвари дунё аз хатари терроризм ва экстремизм эмин нест ва яке аз роҳҳои аз байн бурдани хатари ин падидаи номатлуб дастаҷамъона мубориза бурдани кишварҳои ҷаҳон ва бартараф намудани сабабҳои зуҳурёбии он мебошад.
Мирзоев А. Н. – муаллими калони кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ