Натиҷагирии конференсияи  илмию амалии  “Ҳамгироии илм ва истеҳсолот баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ”

Ҳамоиши  илмию амалии ҳайати профессорону омўзгорон ва муҳаққиқони ҷавон, ки санаҳои 21-25 апрели соли равон таҳти унвони «Ҳамгироии илм ва истеҳсолот баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ», бахшида ба эълон гаштани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ва  Рўзи илми тоҷик баргузор шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Дар ҷамъбасти конференсияи анъанавии апрелӣ роҳбарияти донишгоҳ, садорати факултетҳо ва устодону донишгҷӯёне, ки дар ҳамоиш иштирок ва баромад намудаанд, ширкат варзиданд.

Нахуст, сардори раёсати корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва рушти инноватсионӣ, дотсент Зарина Самадова вобаста ба ҷараёни баргузории ҳамоиш дар бахшҳо маълумот дод. Қайд шуд, ки кори конференсия дар заминаи кафедраҳои донишгоҳ дар давоми 2 рӯз ҷараён гирифта, наздик 350 мақолаҳои илмии устодон ва муҳаққиқони ҷавон дар бахшҳои конференсия баррасӣ гардиданд.

Илова шуд, ки дар доираи ҳафтаи илм семинари илмии донишҷўён баргузор гардида дар  кори он зиёда аз 40 нафар донишҷўён иштирок карданд, ки  аз онҳо 26 нафар маърўза намуданд.

Маърўзаҳо дар мавзуъҳои «Нақши саноат дар тараққиёти иқтисодии мамлакат», «Роҳҳои пешқадами  саноатикунонӣ дар ҶТ», «Таъсири мухолифотҳои ҷангии Россия ва Украина ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ», «Иқтисодиёти рақамӣ – марҳилаи сифатан нави тамаддун», «Таъсири рақамикунонӣ ба баҳисобгирии муҳосибӣ», «Ҳадафи сиёсати қарзии бонки тиҷоратӣ дар шароити муосир», «Сиёсати савдои хориҷӣ ҳамчун омили таъмини амнияти иқтисодии ҶТ», «Ташаккули аудити муосир дар ҶТ», «Нақш ва хусусиятҳои технологияҳои абрӣ», «Омўзиши фанҳои табиӣ ва нақши он дар истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ», «Вилояти Суғд – водии имкониятҳо», «Зарафшон – макони сайёҳист», «Масъалаҳои оила ва никоҳ дар ҶТ», «Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ», «Сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо», «Ташаккулёбии идоракунии Президенти дар Тоҷикистон», «Масъалаҳои назариявии ҷиноятҳо ба муқобили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд», «Бандитизм ҳамчун ҳуруфоти номатлуб дар амнияти ҷамъиятӣ», «Таҳлили ҷиноӣ-ҳуқуқии вайрон кардани қонунҳои меҳнат», «Муаммоҳои захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ», «Меҳргон – ҷашни аҷдодии тоҷикон» бахшида шудаанд.

Сипас, деканони факултетҳо перомуни баргузориии бахшҳои ҳамоиш дар кафедраҳои донишгоҳ, иштироки устодону донишгҷӯён дар кори конференсия ва маърӯзаҳои беҳтарин дар бахшҳои конфронс маълумот пешниҳод карданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иштироки устодону донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавонро дар конференсияи анъанавии апрелӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, иброз дошт, ки мутаасссифона дар баъзе аз бахшҳо дар заминаи кафедраҳо иштироки муҳаққиқони ҷавону донишҷӯён кам ба назар мерасад. Дар ин қабил ҳамоишҳо бояд бештар донишҷӯён ва устодони ҷавон ҷалб карда шаванд илова кард номбурда. Роҳбари донишгоҳ деканони факултетҳоро вазифадор кард, ки  бояд  маърӯзаҳои беҳтарини донишҷӯён ҳавасманд гардида, маводи конфронс ройгон тақдим карда шавад.

Дар интиҳо ба маърӯзачиён ва иштирокчиёни фаъоли конфронси апрелӣ Ифтихорномаву Сипосномаҳои раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like