ДДҲБСТ: Баргузории даври донишгоҳии озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!»

22 апрели соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» доир гардид. Дар озмуни мазкур роҳбарияти донишгоҳ, аъзои ҳакамон ва иштирокчиёни озмун ширкат варзиданд.
Озмун бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд баргузор гардид.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ гузаронида шуда, дар он донишҷӯён – ғолибони даври факултетии озмуни мазкур байни ҳам рақобат намуданд. Гуфта мешавад, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, дар вақти иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг ба инобат гирифта шуданд.
Мушоҳида гардид, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ иштирокчиён бо омодагии амиқ, тайёрии зиёд ва масъулияти баланд ба озмун омада, ҳунару истеъдодашонро нишон доданд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳайъати ҳакамон ғолибон муайян ва ба даври баъди роҳ ёфтанд. Сипас, аз рӯи номинатсияи композиторӣ мудири маҳфил, роҳбари эъҷодии ДДҲБСТ Ёқубов Саидқодир, аз рӯи номинатсияи навозандагӣ Анӯшервони Ҷамолиддин, Назаров Шукруллоҳ ва аз рӯи номинатсияи сарояндагӣ Саидқулова Азиза, Мирғафури Мирзомурод ва Ҷаъфари Содиқ ғолиб дониста шуданд.
Дар фарҷом муовини ректор оид ба корҳои тарбия, дотсент Шаҳноза Норматова баромад намуда, ба донишҷӯён – иштирокчиёни даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» изҳори сипос кард ва аз онҳо даъват ба амал овард, ки бояд дар ҳама озмунҳо фаъол бошанд. Ғолибони озмун бо Диплом, Сипоснома ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ карда шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита ҷомеа

You might also like