“Ҳамгироии илм ва истеҳсолот баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ” баргузории конференсияи  илмию амалӣ дар ДДҲБСТ

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҳайати профессорону омўзгорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони «Ҳамгироии илм ва истеҳсолот баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ», бахшида ба эълон гаштани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ва  Рўзи илми тоҷик баргузор шуд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир оғоз шуд. Роҳбари донишгоҳ иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки  амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад. Вобаста ба талаботи соҳаи саноат зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва тайёр кардани мутахассисони касбҳои нав эътибори ҷиддӣ дода шавад. Илова шуд, ки баргузории ҳамоиши мазкур дар ҳамгироии илму истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода иштирокчиёнро ба ифтихори Рўзи илми тоҷик шодбош кард.

Дар идома маърӯзаҳои директори генералии ФҚХ «Имон» Муяссар Пўлотова дар мавзӯи “Ташкилотҳои молиявии қарзии хурд дар низоми рушди иқтисоди минтақа (дар мисоли ФҚХ «Имон)”, директори ҶДММ «Равзана» Илҳом Сангин таҳти унвони “Татбиқи дастовардҳои илмиву инноватсионӣ – омили таъмини самаранокии корхонаҳои истеҳсолӣ“, полковники милитсия, дотсент, сардори раёсати такмили ихтисоси факултети №4, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳриддин Ғафурӣ таҳти номи “Самтҳои муқовимат баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба терроризм дар замони муосир”, мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ  Муҳайё Салимова бо номи “Имтиёзҳои андозӣ дар низоми андозбандии муосир ва аҳамияти он дар рушди саноат” , директори Парки технологии ДДҲБСТ Абдураҳмон Маҳмудов дар мавзӯи “Нақши Паркҳои технологӣ ва бизнес-инкубаторҳо дар таъмини саноатикунонии босуръати кишвар”  ва донишҷўи курси 2-юми факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ, иштирокчии даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» Омина Ҳидоятова  таҳти унвони “Озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва нақши онҳо дар рушди тафаккури ҷавонон” шунида шуд.

Дар қисмати дуюми ҳамоиш ба устодон шаҳодатномаи унвони ифтихорӣ ва мукфоти пулии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.

Конференсияи илмию амалии “Ҳамгироии илм ва истеҳсолот баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ» то санаи 25 апрел  дар бахшҳо идома карда, донишҷӯёну магистрантон ва устодон дар мавзӯҳои гуногун маърӯза хоҳанд кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like