Ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ
20 апрели соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманди директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода бо кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир мулоқотро ифтитоҳ карда, иброз дошт, ки вазъи печидаи ҷаҳонӣ муосир, манфиатхоҳии абарқудратҳо тақозо менамояд, ки ҳар сокини кишвар, махсусан ҷавонону аҳли зиё дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ саҳмгузор бошанд.
Илова шуд, ки ҷаҳони пуртазод ва пур аз мухолифатҳо дар бештар маврид ба тафаккуру андешаи ҷавонон таъсиргузор аст ва ин қишри ҷомеа бояд пайваста омӯзанд то фирефтаи ақидаҳои носолими гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд.
Сипас, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода перомуни давлати дунявӣ ва арзишҳои милливу динӣ ба иштирокчиён маълумот дод.
Ӯ доштани андешаву тафаккури миллӣ, хиради аҷдодӣ ва донишҳои муосири диниву сиёсиро барои ҷавонон аз василаҳои муҳим арзёбӣ кард.
Илова шуд, ки ҷаҳонишавӣ имрӯзҳо ба муҳимтарин масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст, ки дар баробари тараққиёти босуръати илму техника пайомадҳои манфиеро ба бор овардааст, ки боиси нигаронии аҳли башар мебошад. Тероризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон реша давонда ба Тоҷикистони мо низ бе таъсир намондааст ва бояд дастаҷамъона ба ин падидаҳои номатлуб бо хирад ва ақли солим мубориза бурд то Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои милливу динӣ ҳифз гардад, илова шуд дар идомаи мулоқот.
Дар қисмати дуввуми мулоқот сӯҳбати озод ва саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён аз Абдураҳим Холиқзода даъват ба амал оварданд, ки чунин мулоқоту вохӯриҳо ҳар чи бештар ба роҳ монда шавад ва пешниҳоди онҳо ба хубӣ пазируфта шуд.










