Таъмини шуғлнокии ҷавонон дар замони муосир

19 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  чорабинии илмӣ таҳти унвони “Таъмини шуғлнокии ҷавонон дар замони муосир: ҷанбаҳои илмӣ ва назариявӣ” баргузор гардид. Чорабинии илмиро сардори раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ, дотсент Зарина Самадова ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки чорабинии илмии мазкур бо ибтикори шӯрои олимони ҷавон ва шуъбаи магистратураи донишгоҳ роҳандозӣ гардидааст.

Сипас, тибқи барномаи чорабинии илмӣ маърӯзаҳои – раиси шӯрои олимони ҷавони вилоят, мудири кафедраи сиёсатишиносии донишгоҳ, дотсент Шӯҳрат Саидзода  дар мавзӯи “Масъалаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар Паёми Пешвои миллат”, директори  Парки технологии донишгоҳ Абдураҳмон Маҳмудов таҳти номи “Имконияти шуғли фосилавӣ дар шароити кунунӣ” ва магистранти соли дуюм Мирзокомил Комилов зери номи “Сифатҳои муҳими касбӣ дар самти пайдо намудани ҷойи кор” шунида шуд.

Иброз гардид, ки дар замони муосир технология хеле рушд кардааст ва донишҷӯён метавонанд дар баробари таҳсил курсҳои кӯтоҳмуддати компютериро аз худ намуда, имконияти шуғли фосилавиро дар шароити кунунӣ дошта бошанд ва соҳиби маблағ низ гарданд. Зимни баргузории чорабинии илмӣ ҳамзамон ба дарёфти ҷойҳои нави корӣ барои донишҷӯён ибрози андеша карда шуд. Дар интиҳо донишҷӯён саволу пешниҳодҳои худро ба баромадкунандагон пешкаш намуда, ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like