Зиндагиномаи қаҳрамонон боиси пайравист
Китобхонаи илмии донишгоҳ дар соли ҷорӣ силсилачорабиниҳоро баҳри гиромидошти Қаҳрамонони Тоҷикистон ба нақша гирифта, мувофиқи он санаи 15–уми апрел бо ҳамҷоягии кафедраи сиёсатшиносӣ, маҳфили илмию тарбиявӣ таҳти унвони “ Нусратулло Махсум –поягузори давлатдории миллии тоҷикон” доир кард.
Дар маҳфил намоянда аз раёсати илм ва корҳои таҳқиқотӣ, мутахассис Рухсора Низомиддинова ва мудири кафедраи сиёсатшиносӣ дотсент Шӯҳрат Саидзода иштирок доштанд.
Нахуст, директори китобхонаи илмӣ Дилрабо Салимова сухан карда, қайд намуд, ки аз Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум корнамоиҳои мондагор боқӣ мондааст, ки боиси пайравист.
Дар идомаи маҳфили илмию тарбиявӣ донишҷӯи бахши 1–уми факултети баҳисобгирӣ ва андоз Зафар Ҳасанзода, донишҷӯи бахши 2-юми факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Аҳмадҷон Абдуғаффоров ва донишҷӯи бахши 1–уми факултети сиёсатшиносӣ ва МБ Хисрав Мӯминзода перомуни корнамоиҳои Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум маърӯзаҳо ироа намуданд.
Сипас аз ҷониби мутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ва махзани китоб Мӯминҷонова П.Т. дар мавриди китоби “Фидоии миллат” маълумот дода шуд. Маҳфил бо виктарина ва саволу ҷавоб байни донишҷӯён хотима ёфт.
Баргузории чунин маҳфилҳо бо ҷалби донишҷӯёни факултетҳои дигар идома дода мешавад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




