ДДҲБСТ: Баргузории даври донишгоҳии озмуни ҷумхуриявии “ Илм – фурӯғи маърифат”

Бо мақсади иҷрои талаботи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 феврали соли 2022, №АП – 155 тасдиқ шудааст ва инчунин тибқи фармоиши ректори донишгоҳ таҳти рақами №14 аз 10.03.2022 ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯёну кормандон ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ аз рӯи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯи 5 номинатсия: математика, физика ва астрономия, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ  ташкил ва баргузор гардид.

         Ёдовар мешавем, ки нахуст дар донишгоҳ аз санаи 09.03.2022 то 19.03.2022 дар гурўҳҳои академии донишгоҳ, сипас аз санаи 28.03.2022 то 01.04.2022 даври факултетии озмун баргузор шуда, аз санаи 13.04.2022  то 15.04.2022 дар заминаи факултетҳои инноватсия ва телекоммуникатсия, бизнес ва идоракунӣ байни донишҷӯёни донишгоҳ,  даври донишгоҳии озмуни мазкур доир шуд.

          Донишҷӯён дар ҳар номинатсия ихтироъ ва корҳои анҷомдодаашонро пешкаши ҳайъати ҳакамон намуданд. Намояндагони раёстаи донишгоҳ низ ҷараёни баргузории озмунро назорат карданд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмун ва ҳамчунин бо мақсади муайян кардани ғолибони даври донишгоҳии озмуни мазкур аъзои ҳакамон таъсис дода шуда, варақаҳои инфиродӣ тибқи низомномаи  озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фуруғи маърифат»  40% назариявӣ, 60% амалӣ барои санҷиши сатҳи дониши назариявиву амалӣ омода карда шуд ва аз рӯи натиҷаҳои он беҳтаринҳо интихоб гардиданд ва ба даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like