Омилҳои пешгирии зуҳуроти номатлуб

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва муқовимат бо савдои одамон мулоқоти судманд доир гардид. Дар вохӯрӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, директори Маркази муқовимат бо савдои одамон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тақдиршо Шарипов иштирок ва баромад намуд.

Тақдиршо Шарипов нахуст, перомуни сиёсати ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба терроризм экстремизм ва коррупсия ба иштирокчиён маълумот дод. Сипас, доир ба объекти навъӣ ва бевоситаи савдои одамон, шаклҳои тарафи объективӣ, ҷанбаҳои зеҳнӣ, иродавӣ ва аломатҳои субъекти савдои одамон гузориш пешниход гардид.

Қайд шуд, ки савдои одамон бо мақсади истисмор, ҷалбкунӣ, интиқол, супоридан, пинҳонкунӣ ё гирифтани одамон бо роҳи таҳдиди зӯрӣ ё истифодаи он ё дигар шаклҳои маҷбурсозӣ, рабудан, қаллобӣ, фиреб, суиистифодаи мансаб ё ҳолати заифӣ, ё бо роҳи ришва додан дар шакли пардохт, фоида барои гирифтани розигии шахсе, ки дигар шахсро назорат мекунад, мебошад. Хариду фурўши одам бошад анҷом додани аҳди дутарафаи музднок, ки ба супоридани одам аз ҷониби шахси ўро дар асоси қонунӣ ё ғайриқонунӣ таҳти вобастагиаш қарордода ба шахси (шахсони) дигар бар ивази подош равона шудааст.

Пас аз пешниҳоди маълумот дар мавриди пешгирии қонуншиканиву амалҳои номатлуб иштирокчиён ба маърузачи саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар интиҳо изҳор карда шуд, ки ташкили мулоқоти судманд дар мавзӯъҳои мубрами рӯз бо доираи васеи устодону донишҷӯён омили муҳим дар рохи пешгирии зухуроти номатлуб махсуб ёфта, минбаъд низ ташкилу баргузор карда мешаванд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like