ҶАВНОН АЗ ДАЪВАТ БА ХИЗМАТИ ВАТАН  БОЯД ИФТИХОР КУНАНД

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дорои Қувваҳои мусаллаҳи худ мебошд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин сухан гуфтаанд: «Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад».

Таҷрибаи таърихии давлатдории миллати тоҷик ва Тоҷикистони муосир тасдиқ менамояд, ки яке аз аркони муҳими давлатдорӣ дар баробари дигар унсурҳо мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Яке аз воситаҳои асосии ҳифзи якпорчагии давлат ва манфиатҳои миллӣ мавҷудияти қуваҳои мусаллаҳи ташаккулёфта мебошад. Аз ин рў, дар рў ба рўи падидаҳои номатлуби аср, махсусан терроризм, экстримизм, ҳадафҳои экспансионии кишварҳои хориҷӣ вуҷуди қувваҳои мусаллаҳ, хосатан артиши миллӣ зарурти ҳар дару замон мебошад.

Қобили таваҷҷўҳ аст, ки имрўз Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сипари боэътимоди давлат буда, сафи онро аскар-ҷавонон ташкил медиҳанд. Сарари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (санаи 26 январи соли 2021) чунин иброз намуда буданд: «Ҷавонони мо дар рушди ҳама соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми азишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншоотҳои азими кишвар то хизмати содикона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».

Имрўз, ки зиёиён қишри ассоии ҷомеаи кишварро ташкил медиҳад, зарур аст, ки ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо саҳми муносиб бояд гузоранд. Маҳз иродаи боматонат ва қавии насли ояндасози кишвар омили дар таърихи минбаъда боқӣ мондани давлату миллати тоҷик шуда метавонад.

Қайд кардан зарур аст, ки дар ҳолати дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат кардан, ҷавонон дар руҳияи меҳанпарастӣ, мардонагиву шуҷоат, қавииродагиву адолатпарастӣ тарбия намуда, ҷиҳати ҳифзу нигаҳдошти амнияти давлатӣ равона менамояд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрўз боиси ифтихори насли ҷавонон буда, бори дигар аз нақши барҷастаи ин қишри муҳими ҷомеа дар ҳифзи манофеи миллӣ ва якпорчагии Ватан хабар медиҳад.

 

Орипов А.А. – декани факултети баҳисобгирӣ ва андоз, ДДҲБСТ

You might also like