ҶАВОНОН НЕРӮИ БУЗУРГ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Дар замони муосир терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон паҳн гардида, хатари бузурги иҷтимоиро ба бор меорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдид эҷод менамояд. Дар айни ҳол амалҳои террористӣ аҳли ҷомеаи сулҳхоҳи ҷаҳонро ба ташвиш андохтааст. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда, дар самти мубориза бо терроризм, таҳдиди  амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфта истодааст.

Дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст:

«Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».

Имрӯз, дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани муаммоҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.

Терроризм  ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта  авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору  бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри кунунӣ табдил ёфтааст.

Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа ва кулли ҷаҳон, аз ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳдид мекунад. Ба муқобили  ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худтарафдори  амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон- дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар таблиғи ақидаҳои  ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа  манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Ҳоло гурӯҳҳои террористии ба ном ТЭТ ҲНИ, «Давлати исломӣ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Алқоида» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан, барои гирифтани нуқтаҳои  коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси онҳо малағҳои хеле калон меистанд.

 

Султонова А. Ҷ. – муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like