Тантанаҳои наврӯзӣ дар ДДҲБСТ
18 марти соли 2022 ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу дӯстӣ ва оромиву осудагии кишвари азизу маҳбубамон ҷашни бостониву фархундаи Наврӯзи байналмилалиро истиқбол карданд. Дар тантанаҳои наврӯзии донишгоҳ як зумра меҳмонон аз базмгоҳи наврӯзӣ, ки Маҷмааи зебову замонавии варзишии донишгоҳ интихоб гардида буд, дидан намуданд.
Дар толори Маҷмааи варзишӣ факултетҳои донишгоҳ хони наврӯзӣ ороста, дастовардҳои факултаашонро ба намоиш гузоштанд. Дар гӯшаи дигари базмгоҳ донишҷӯён-варзишгарони донишгоҳ ба мусобиқаҳои варзишӣ, ки хоси ҷашни Наврӯз аст, машғул буданд. Занону бонувон донишгоҳ бошанд дар атрофи деги суманак бо замзама намудани шеъру сурудҳои наврӯзӣ ин хуроки хоси ҷашни Наврӯзро омода мекарданд.
Пас аз боздид ва шиносоӣ бо хони наврӯзиву дастовардҳои факултетҳо ректори донишгоҳ тамоми иштирокчиёни тантанаҳои наврӯзиро бо ин ҷашни куҳан шодбош намуд. Роҳбари донишгоҳ Муъмин Шарифзода иброз дошт, ки ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдориамон ҳамчун таҷассумгари тафаккури миллӣ ва сиришти маънавӣ ҷойгоҳи хос гирифтааст. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи шинохти суннату оинҳои Наврӯз эҳё гардида, ҷашни бузурги миллиамонро ҷаҳониён пазируфтанд, ки он эътирофи ҷаҳонии дастовардҳои миллати соҳибтаъриху соҳибтамаддуни тоҷик мебошад.
Аҳли донишгоҳ низ ин ҷашни бостонии ниёгонамонро бо ифтихор аз дастовардҳои беназири сӣ соли соҳибистиқлолии кишварамон ва музаффариятҳои хотирмони маъвои саодати маънавиямон истиқбол мегиранд. Падидаи неку хотирмон аз Наврӯзи гузашта то Наврӯзи имсола ба фаъолият шурӯъ намудани факултети муштараки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии Тошканд, ташкили факултети омӯзгорӣ, ҷорӣ кардани ихтисосҳои наву замонавӣ, ба роҳ мондани низоми босифати идоракунии рақамии раванди таълим бо барномаи махсус, дифои 22 рисолаҳои номзадӣ ва 2 докторӣ аз ҷониби омӯзгорону кормандон, бо Нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидани 8 нафар омӯзгорон, дар озмуну олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол намудани донишҷӯёнамон, афзудани теъдоди гирандагони Стипендияҳои номӣ, рушд бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ, вусъат ёфтани раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ҳисоб меравад, ки боиси ифтихору сарфарозист, илова намуд Шарифзода М.М.
Сипас, кормандон ва устодону донишҷӯён, ки дар фаъолияташон ба дастовардҳо шарафёб гардидаанд, ба муносибати Наврӯзи ҷаҳонӣ бо Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Дар доираи тантанаҳои наврӯзии донишгоҳӣ байни факултетҳо озмунҳои “Беҳтарин Дастархони наврӯзӣ», «Беҳтарин Маликаи наврӯзӣ ва бобои деҳқон», «Беҳтарин суруд ва рақси идона», «Беҳтарин Зебосанами наврӯзӣ» ва «Дастони моҳир», гузаронида шуда, ғолибон муайян ва қадршиносӣ гардиданд.
Дар натиҷаи баҳогузоририи ҳайъати ҳакамон факултети ҳуқуқшиносӣ сазовори ҷойи аввал, факултети бизнес ва идоракунӣ мақоми дуюм ва дастаи факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ба гирифтани ҷойи сеюм комёб шуданд. Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд. Ҳамзамон ба иштирокчиёни фаъоли озмунҳо туҳфаҳои раёсати донишгоҳ тақдим гардид.
Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар донишгоҳ зери суруду мусиқиҳои наврӯзӣ хубу хотирмон ба интиҳо расид.
Шуъбаи таҳлил в аробита бо ҷомеа





































