Табрикоти ректор, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Устодони муҳтарам! Донишҷӯёни азиз!

Бо арзи эҳтирому самимият Шуморо бо ҷашнифархундаи Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар саҳифаҳоитаърихи навини давлатдориамон ҳамчун таҷассумгари тафаккури миллӣ ва  сиришти маънавӣ ҷойгоҳи хос гирифтааст, табрику муборакбод менамоям.  

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва заҳматҳои Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаишинохти суннату оинҳои Наврӯз эҳё гардида, ҷашнибузурги миллиамонро ҷаҳониён пазируфтанд, ки  он эътирофи ҷаҳонии дастовардҳои миллати соҳибтаърихусоҳибтамаддуни тоҷик мебошад.

Наврӯзи бостонӣ падидаи ҳувиятсоз, хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва  навиди бахту саодат ба фардои дурахшон  мебошад. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии  ин  ҷашни муқаддас аз саодату пирӯзии аҳли башар, ғояи олии он аз   ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта ва накӯкориву созандагӣ иборат аст.

Наврӯзи хуҷастапай ибтидояш решапайванди ҳазорсолаҳост ва  шукӯҳу шаҳоматаш заррае коста нагардида, то ба рӯзҳои мо пойдору устувор  омада расидааст. Ба ин маънӣ Сарвари давлат Наврӯзи ҷаҳониро падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллӣ номида, таъкид доштанд, ки ин ҷашни бостонӣ дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст. Ҳикмати Наврӯз беҳтарин суннатҳои волои аҷдодиро тарғиб намуда, оғози рӯзи наву соли нав, рамзи пирӯзию рӯшноӣ, густариши дӯстию рафоқат, фаровонии хайру баракат ва орзую омоли неки мардум дар сиришти ин ҷашни бостонӣ нуҳуфтааст.

Иди фархундаю бостонии қавмҳои ориёӣ – Наврӯзибайналмилалӣ дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон имсол низ чун анъанаи неки ниёгони фарзонаамон бо шукргузорӣ аз ваҳдату ягонагӣ, саодату комронӣ, ғояҳоиолии башардӯстона, дӯстиву ҳамкорӣ, инсондӯстивухайрхоҳӣ, шукӯҳу корномаҳои созанда ба хотири боз ҳам нерӯманду пешрафта сохтани давлати соҳибистиқлоламон, таҷлил мегардад

Аҳли донишгоҳ низ ин ҷашни бостонии ниёгонамонро бо ифтихор аз дастовардҳои беназири сӣ солисоҳибистиқлолии кишварамон ва музаффариятҳоихотирмони маъвои саодати маънавиямон истиқбол мегиранд. Падидаи неку хотирмон аз Наврӯзи гузашта то Наврӯзи имсола ба фаъолият шурӯъ намудани намудани факултети муштараки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес васиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии Тошканд, ташкили факултети омӯзгорӣ, ҷорӣ кардани ихтисосҳоинаву замонавӣ,  ба роҳ мондани  низоми босифати идоракунии рақамии раванди таълим бо барномаи махсус,дифои 22 рисолаҳои номзадӣ ва  2 докторӣ аз ҷонибиомӯзгорону кормандон, бо Нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз  гардидани  8 нафар омӯзгорон, дар озмуну олимпиадаҳо ва  мусобиқаҳои варзишӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол намудани донишҷӯёнамон, афзудани теъдоди гирандагони Стипендияҳои номӣ, рушд бахшидани  ҳамкориҳои байналмилалӣ, вусъат ёфтани   раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ҳисоб меравад, ки боиси ифтихору сарфарозист.

Соли навини тоҷикон – Наврӯзи хуҷастапай бо зангӯлаи нусрату хушиҳои бепоён ба остони хонадони ҳар сокини хушбахти Тоҷикистони биҳиштосо  қадам мегузорад. Ин ҷашни  зебою бостонӣ бо қудуми хуҷастааш  ба хонадони ҳар яки мо файзу баракат меорад, боварӣ ва эътимодро ба ояндаи дурахшони ҷомеа қавитар мегардонад, ба қалбу рӯзгори мардум суруру ангезаи муҳаббат мебахшад, баҳри ояндаи дурахшон ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун месозад.

Итминон дорем, ки ҷомеаи меҳнатӣ, кулли устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҷашни хуррамбаҳори Наврӯзӣ, иди аҷдодии худро сазовор ва хотирнишин истиқбол гирифта, барои муваффақияту комёбиҳои минбаъда саъю талош меварзанд

Дар ин айёми фараҳафзои Наврӯзи хуҷастапай Шумо ва наздикону пайвандонатонро ба ифтихори таҷлили  ҷашни  Наврӯзи  байналмилалӣ муборакбод намуда,  ба ҳамагон азамату шаҳомати наврӯзӣ, бахту саодати ҷовидона, сарбаландиву шодмонӣ, зебоиву шукуфоии абадӣ ва дар фаъолияти минбаъда  муваффақияту комёбиҳои беназиртаманно дорам.

Наврӯзи байналмилалӣ муборак!

You might also like