Оғози ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо соҳаи маорифи Фаронса
17 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода бо масъул (Атташе) оид ба масъалаҳои ҳамкории соҳаи маорифи Сафорати Фаронса дар Ӯзбекистон Серҷ Беллини баргузор гардид. Дар вохӯрӣ роҳбари маркази «Alliance française» дар вилояти Суғд Муқим Темуров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Даврон Бобоҷонов иштирок намуданд.
Дар раванди вохӯрӣ қайд карда шуд, ки омӯзиши забони фаронсавӣ имкониятҳои муаррифии Тоҷикистонро дар Аврупо густариш мебахшад. Инчунин илова шуд, ки ҳамкориҳо на танҳо дар соҳаи илму маориф, балки дар соҳаҳои иқтисодиёт ва фарҳанги давлатҳои ҳамкор бояд низ тақвият ёбанд.
Мақсади асосии вохӯрӣ ташкили ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва маориф байни Тоҷикистон ва Фаронса ва рушди ҳамкориҳои муштарак дар дигар соҳаҳо арзёбӣ мегардад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа









