Иштироки докторанти донишгоҳ дар конференсияи байналмилалӣ

Докторанти соли 1-уми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муҳиба Ҳасанова дар онлайн – конференсияи байналмилалии илмию амалӣ, ки дар Донишгоҳи кооператсия, иқтисодиёт ва ҳуқуқи шаҳри Белгороди Федератсияи Русия дар мавзўи «Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёт дар шароити рақамикунонӣ» баргузор гардид, иштирок ва баромад кард. Дар конференсияи мазкур намояндагон аз тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзида, масъалаҳои мубрами рақамикунонии иқтисодиётро дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ намуданд.
Докторанти ДДҲБСТ дар ҷаласаи пленарӣ дар мавзўи «Тиҷорати электронӣ дар низоми ташаккулёбии иқтисоди рақамӣ» маърўза кард. Аз ҷониби Ҳасанова М. нуктаҳои асосии рушди тиҷорати электронӣ дар мамлакат, ҳолати кунунии соҳа ва дурнамои рушди он зикр карда шуд. Инчунин қайд гардид, ки тиҷорати электронӣ муҳаррики асосии пешбарандаи иқтисодиёти рақамӣ буда, дар замони имруза тақвият бахшидани соҳа натиҷаҳои мусбӣ хоҳад дод.
Дар фарҷом аз тарафи кумитаи тадорукот ба аҳли коллективи педагогии донишгоҳамон паём расонида шуда, баҳри тақвияти фаъолияти дуҷониба таклифҳо рўи кор омад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

You might also like