Баррасии масъалаҳои муҳим дар ҷаласаи васеи сардорони гуруҳҳои таълимӣ
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки ректори донишгоҳ ҷаласаи васеи сардорони гуруҳҳои таълимӣ доир гардид.Ҷаласаро ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Нахуст, роҳбари донишгоҳ дар мавзӯи “Паём– кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” маърӯза кард. Иброз шуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз падидаи неку ояндасози даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ифодагари рушди давра ба давраи соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта, дар таъмини пешрафти минбаъдаи кишвар ва иҷрои ҳадафҳои пешгузоштаи роҳбарияти олии мамлакат нақши ниҳоят бузург мебозад. Зеро, Паёмҳои Президенти кишварамон ба хотири фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ, таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон, сатҳи худогоҳию маърифатнокии ҷомеа ва баланд бардоштани мақому нуфузи давлат нигаронида шудааст. Илова шуд, ки раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои саривақтӣ меандешад.
Дар идомаи ҷаласа, иҷрои талаботи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» инчуқнин, қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои донишҷӯён ва андешидани чораҳои зарурӣ барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ, шуурнокӣ ва маърифатнокии донишҷӯёни гурӯҳҳои таълимӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Шарифзода М.М. иброз дошт, ки ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ тибқи ҷадвали муштарак мунтазам бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз қабили мақомоти прокуратураи вилояти Суғд, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ходимони дин, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ чорабиниҳои мухталиф, амсоли конференсияҳо, мулоқоту вохӯриҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои мудаввар ва дарсҳои кушоди тарбиявӣ ташкилу баргузор карда мешавад. Дар чорабиниҳо масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, қонуншиканӣ ва оқибатҳои он, роҳҳои пурзӯр намудани мубориза бо хатарҳои терроризму экстремизм, андешидани тадбирҳо бобати таъмини амният, одобу ахлоқи ҷавонону занон ва духтарон, вайроншавии оилаҳои ҷавон, ҷой доштани хушунат дар баъзе оилаҳо ва падидаҳои номатлуб, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар идомаи суханронӣ Шарифзода М.М. доир ба ҷоннок намудани фаъолияти сардорони гуруҳҳои таълимӣ дар самти кор бо донишҷӯён, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо, мубориза бо хатарҳои терроризму экстремизм, андешидани тадбирҳо бобати таъмини амният, баланд бурдани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва одоби ҳамидаи инсонӣ, риояи дастурамали тавсиявии сару либос барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, пешгирии ҳозиршавии донишҷӯён бо автомашинаи шахсӣ ва риояи ҳатмии дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ сардорони гурӯҳи таълимиро вазифадор намуданд. Роҳбари донишгоҳ аз шомилшавии баъзе аз донишҷӯён ба гуруҳҳои ифротӣ изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки ин амали онҳо ба нуфуз ва шаъну шарафи давлату миллат ва макони таҳсилашон иснод меоварад.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки сардори гурӯҳҳои таълимӣ вобаста ба ташкили экскурсияҳо ба ҷойҳои таърихӣ, саривақт иҷро намудани супоришҳо вобаста ба корҳои мустақилона, корҳои курсӣ, рисолаи хатм ва навиштани он, саривақт супоридани имтиҳонҳои ниҳоӣ, пешниҳоди мақолаҳои хусуссияти илмиву тарбиявидошта ва иштироки фаъолона дар конференсияҳои дохилидонишгоҳиву шаҳрӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намоянд.
Ҷиҳати пешгирии шомилшавии муҳассилин ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, беҳудагардӣ накардани донишҷӯён баъд аз дарс, нарафтани онҳо ба маҳфилу клубҳои мамнӯъ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷониби масъулони соҳаи тарбия, роҳбарони гурӯҳҳои академӣ мунтазам ба хобгоҳи донишҷӯён ва хонаҳои иҷоравии муҳассилин рейдҳои муштарак доир намоянд.
Дар интиҳои ҷаласа чанде аз сардорони гурӯҳҳои таълимӣ ва донишҷӯён низ перомуни мавзӯҳои матраҳшаванда таклифу пешҳниҳодҳо карданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




