Муаммоҳои мубрами методикаи таълими фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар МТОК: назария ва амалия

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон санаи 30 марти соли 2022 Конференсияи ҷумҳуриявии илмию методиро дар мавзуи «Муаммоҳои мубрами методикаи таълими фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар МТОК: назария ва амалия», бахшида ба эълон гаштани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор менамояд.
Барои иштирок дар кори конференсия коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Ҳадафи конференсия мубодилаи афкори олимону мутахассисон ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли муаммоҳо дар методикаи таълими фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин муайян намудани дурнамои рушди таҳсилоти олӣ буда, дар доираи он муҳокимаи мавзуъҳои меҳварии зерин пешбинӣ мегардад:
 Таърих ва инкишофи рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ;
 Муаммоҳои илмӣ – назариявӣ ва амалии фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар ҷомеаи муосир;
 Вусъатдиҳии ҷараёни ҳамгироии илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо иқтисодиёт;
 Самтҳои такомули методикаи таълими математика ва физика дар МТОК дар шароити муосир;
 Истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълими фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ: муносибат ва равишҳои муосир;
 Равандҳои такмили методикаи таълими фанҳои табиӣ дар низоми маориф;
 Таҳсилоти рақамӣ ва дурнамои рушди он;
 Такмили методикаи таълими фанҳои системаи автоматикунонидашудаи коркарди иттилоот, амсиласозӣ, информатика ҳамчун замина барои гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ.

Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар кори конференсия мақолаҳои худро тариқи чопӣ ва электронӣ ба кумитаи тадорукот то санаи 5 марти соли 2022 пешниҳод намоянд.
Матни мақола бояд бо формати Microsoft Office Word, фосилаи байни сатр 1,5 мм бо истифодаи ҳуруфи Times New Roman Tj (бо забони русӣ – Times New Roman), шрифти 14, ҳошияҳояш 2 см омода шуда бошад.
Ҳаҷми мақола набояд аз 5 саҳифа (формати А4) зиёд бошад.

Мақола дорои навгонии илмӣ буда, набояд қаблан нашр шуда бошад.
Маълумот дар бораи муаллиф(ҳо) -и мақола бо зикри насаб, ном ва номи падар, дараҷаи илмӣ, номи муассисаи таълимӣ ё ташкилоти илмӣ (пурра), ё вазифа ва ҷои кор, кишвар ва шаҳр дар кунҷи тарафи рост оварда шавад.
Унвони мақола бояд мундариҷаи мақоларо дақиқ ва мушаххас тавсиф кунад.
Иқтибосҳо дар қавсайн бо қайди рақами адабиёт аз рӯйи рӯйхати сарчашмаҳо ва саҳифаи он бояд ишора шаванд.
Руйхати адабиёт дар охири мақола бо назардошти саҳифаи умумии сарчашмаи истифодашуда навишта шуда, мувофиқи талаботи ГОСТ Р 7.0.5 – 2011 таҳия карда шаванд.
Матни мақолаи пешниҳодшаванда нусхаи ниҳоӣ маҳсуб шуда, бояд пурра аз назари таҳрир гузаронида шавад ва аз ѓалат тоза бошад.
Асолати матн на камтар аз 70% ҳаҷми мақоларо ташкил диҳад (дар барномаи «Антиплагиат» санҷида мешавад).
Масъулияти боэътимодии аснод ва муҳтавои мақолот бар дӯши муаллифон мебошад.
Мақолаҳое, ки талаботҳои болоиро доро намебошанд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.
Нишонии электронӣ барои ирсоли мақолаҳо: dabir77@mail.ru ё мустақиман ба нашриёт (ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, ДДҲБСТ, бинои таълимии №1, утоқи 309).
Телефон барои иртибот: (83422) 2-31-63

You might also like