ТЕРРОРИЗМ – ХАТАРИ ГЛОБАЛӢ
Терроризм ва экстремизм аз масъалаҳои доғе аст, ки имрӯз тамоми ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст. Аз назари муҳаққиқону коршиносон, терроризм – сиёсат бар асоси истифодаи мунтазами террор ба ҳисоб меравад. Аммо, новобаста аз қувваи ҳуқуқии истилоҳи «терроризм», таърифи он то кунун духӯра боқӣ мемонад. Аз рӯйи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон терроризмро боз ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм, терроризми ҳастаӣ ва кимиёвию биологӣ тақсим намудаанд.
Мо қариб ҳамарӯза мушоҳида мекунем, ки дар ҳар гӯшаю канори дунё амалҳои даҳшатноки террористӣ бо истифода аз моддаҳои тарканда, аслиҳаи оташфишон, яроқи сард ва шахсони худкуш ба амал меояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва ин даҳшатро батамом эҳсос менамояд, дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон бо терроризм ва экстремизм мубориза мебарад.
Дар ин замина асноди марбута ба тасвиб расидааст, аз ҷумла бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, No776 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шудааст.
Яке аз вазифаҳои марҳалаи аввали татбиқи Стратегияи мазкур муаррифии васеи Стратегия ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа ба он буда, ҳамзамон, бахши махсуси он ба масъалаҳои гендерӣ ва ҷалби занон ба пешгирии экстремизм бахшида шудааст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳамаи мақомотҳои қудратӣ тақозо дорад, ки дар ҳама вақту замон барои
пешгирӣ аз ҳама гуна ҳолатҳо омода бошанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар бояд диққати асосиро ба касбият ва омода бошии ҳайати шахсӣ равона карда, ҳама вақт дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир тайёр бошанд.
Ҳодисаҳои охири Шарқи Наздик, Осиё ва Африқо шаҳодат медиҳанд, ки терроризм имрӯз ба масъалаи рақами як табдил ёфтааст. Зиёд шудани амалҳои террористӣ дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон, боз ҳам вазъи ҷойдоштаро мураккаб месозад. Терроризм ва экстремизм ба ҳар як кишвар ҷиддан таҳдид мекунад ва аз ин лиҳоз, бо ин зуҳуроти номатлуби асри XXI бояд якҷоя мубориза бурд.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо ин вабои аср аз тамоми имконот истифода мекунад. Ҳангоми суханронии худ дар кушодашавии Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд дар Душанбе дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва экстремизм” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки яке аз омилҳои паҳншавии терроризм Интернет мебошад. Бар ин асос ташкилотҳои террористӣ технологияҳои иттилоотии замонавиро фаъолона мавриди истифода қарор медиҳанд. Аз ҷумла, онҳо шабакаҳои интернетиро барои ташвиқу тарғиби экстремизм, ҷалби насли наврас ва ҷавон ба сафҳои худ, омода ва роҳбаладии гурӯҳҳо барои амалҳои зишт ва харобиовар истифода мекунанд.
Гуфта мешавад, ки қочоқи маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ва экстремизм буда, маҳз фурӯши ғайриқонунии он яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризм ба шумор меравад.
Аз сӯйи ғайримусулмонон мавриди ҳадаф қарор гирифтани мусулмонон далели он аст, ки терроризм ва экстремизм дар доираи як дин ва ё мазҳаб маҳдуд намешавад ва дар хама ҳолат таҳдиди ҷиддиест барои инсоният. Тақрибан ҳар рӯз тариқи васоити ахбори омма хабарҳо дар бораи амалҳои террористӣ дар давлатҳои мусулмон, ба монанди Афғонистон, Покистон ва амсоли инҳо паҳн мешаванд, ки ин ҳам хеле нигароникунанда аст.
То ба имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ имконияти муваффақонаи мубориза бурданро бо терроризми байналмиллалӣ надорад. Сурия, Ироқ, Ливия, Яман, Миср, Алҷазоир, Малӣ, Афғонистон аз ҷумлаи кишварҳое маҳсуб меёбанд, ки имрӯз аз фаъолияти густурдаи террористон ва экстремистон ранҷ мебаранд. Ҳодисаҳои мудҳиши террористӣ дар ҳар гӯшаю канори ҷаҳон аз фаъолияти густурдаи шабакаҳои террористӣ ва экстремистӣ гувоҳӣ медиҳад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳама нерӯи худро барои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб муттаҳид созад, то ин ки роҳи сар задани дигар
амалҳои террористӣ гирифта шавад. Вале, мутаассифона, сиёсати духӯраи баъзе кишварҳо сабаби он мешавад, ки ин вабои асри 21 дар ҳар тарафи дунё бо тобишҳои нав зуҳур кунад ва аз ин тариқ таҳдиду фишорҳо алайҳи башарият ва ҷомеаи ҷаҳонӣ афзун гардад.
Тавре ки болотар ишора кардем, шинохти терроризм ва экстремизм тақозои замон аст ва бехабарию ноогоҳӣ аз ин навъ таҳдидҳои ҷиддии башарӣ зиндагиро дар сайёраи инсонӣ мушкил месозад. Зеро ки террористон ва экстремистон дар миёни ҳар қавму миллат ва ҷомеа
вуҷуд доранд ва илова бар ин, гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ҷониби иддае аз қудратҳои ҷаҳонӣ ва хадамоти махсуси иттилоотии баъзе кишварҳо пуштибонии молию пулӣ ва сиёсию мафкуравӣ меёбад. Ин ҳолат моро водор месозад, ки пайваста ҳушёру зирак бошем ва дар иттиҳоду ҳамбастагии равонӣ, фикрию иҷтимоӣ ва сиёсию мафкуравӣ алайҳи ҳама гуна фишор ва террору ифротгароӣ муборизаи беамон бубарем.
Салимова М.М. – дотсент, мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ