САҲМИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Дар даврони истиқлоли давлатӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин давра ҷиҳати самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсию иҷтимоӣ муайян карда шудаанд.
Аҳамияти рушди илм ва маориф байни ҷавонон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати давлат қарор дорад. Тавре аз нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз санаи 22 декабри соли 2016 бармеояд, «Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавонан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Ҷавонони имрўзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад».
Дар рушди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд илму фарҳанг ва маориф дунёи маънавии инсонро ташаккул медиҳанд, дар ин замина мавқеи муҳимро ҷавонон ишғол мекунанд. Забон, адабиёт, таърих, сарчашмаҳои хаттӣ, ёдгориҳои таърих, барномаҳои радио, телевизион, маводи компютерӣ, шабакаи интернет, васоити ахбори умум дар тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон нақши асосӣ доранд.
Бояд таззакур дод, ки баҳри фазои мусоид омода намудан барои ҷавонон дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», инчунин якчанд барономаҳо, консепсия ва стратегияи давлати ба монанди «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардид, ки дар асоси онҳо Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҷиҳати рушди соҳаҳои мухталифи ҷамъият, ҳаматарафа дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имкониятҳо фароҳам меорад.
Муҳаққиқони ҷавон ба рисолати таърихи халқи худ ва имрўзи дурахшони он шукргузорӣ карда, дастовардҳои беназири халқи худро аз кӯшишу ғайрат, садоқату мардонагӣ, поктинатӣ, ватандўстиву меҳанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешуморанд. Пешвои миллат наҷотбахшандаи воқеиву ростини халқу Ватани худ ҳастанд. Бо иродаву ҳамзабонӣ Ваҳдати миллиро миёни халқи тоҷик ва ҷавонон таҳким бахшида, барои сарҷамъии мардуми тоҷик хизматҳои беназир доранд ва ҷавонон ифтихори чунин Сарвари ваҳдатофару маърифатпарвар ва фидоии миллат доранд.
Падидаи дастгирии ташаббусҳои Пешвои миллат, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аст, аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон карда шуда буд.
Муҳаққиқони ҷавон аз мавқею мақом ва рисолати ҷавонони дар ҳаёти давлату ҷамъият ва таҷдиди рукнҳои бунёдгузорӣ пайваста ба созандагию бунёдкорӣ, қадршиносиву ғамхориҳои падаронаи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавононро хеле рӯҳбаланд гардонида, водор месозад, ки ҳамеша дар пайи дастовардҳои нав ба нав бошанд, илҳоми тоза гирифта, дар таҳқиқу ҷустуҷӯ ва кашфи натиҷаҳои нави илмӣ пайваста кӯшиш намоянд.
Воқеан, аз баракати истиқлолияти давлатӣ имрӯз ҷаҳонбинии ҷавонон куллан тайғир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ, иштироки онҳо дар корҳои давлату ҷамъият зиёд шудааст.
Муҳаққиқони ҷавон барои ободии Ватан, рушду нумӯи иқтисодӣ, суботу оромии кишвар ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон сидқан хизмат менамоянд.
Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касби ҷавонони номзадҳои илм, аспирантон магистрантон ба фаъолияти илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд.
Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҳамасола конфронси илмӣ – назариявии олимони ҷавони вилоятҳо дар сатҳи баланд доир гардида, беҳтарин мақолаҳои олимони ҷавон гирд оварда шуда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба нашр расонида мешавад, ки ин дастгирии олимони ҷавон, пайваста барои ҷустуҷӯҳои нав ба нави илмӣ водор месозад.
Тавре маълум аст, мутобиқи Фармони Президенти мамлакат идрорпулии президентӣ барои ҷавонони болаёқат, таъсис дода шуда, теъдоди сазоворгаштагони он марҳила ба марҳила зиёд гардид, теъдоди зиёд гирандагони идрорпулиҳои президентӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, шаҳодати таваҷҷӯҳи хосаи Ҳукумат ва Сарвари давлат ба ҷавонони собҳибистеъдод гардидааст. Хушбахтона, ҳамасола дар қатори дигар ҷавонони мамлакат хонандагони муассисаҳои таълимии ба гирифтани идрорпулии президентӣ мушарраф мегарданд.
Бо мақсади ҳавасмандии моддиву маънавии донишҷўёну магистрантон ва аспирантон стипендияи таъсис дода шудааст
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷабҳаҳои ҳуқуқии дастгирӣ ва рушди илм ва маорифи ҷавонон дар асоси меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва ғайра дарбар гирифта, пешбинӣ карда шудааст.
Ҳамин тариқ, асосҳои рушди ҷавонон дар кишвар пешбарӣ гардида ҷойи махсуси худро дорад, ки дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои назарраси худ оварда расонидааст.
Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки ҷавонон, аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештр фаъол бошанд, ташабусси созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва прчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Имрӯз, ҷавонон бояд ҳастии хешро баҳри ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон ва халқи азизамон мебахшанд. Ҷавонон пайваста кӯшиш менамоянд, ки қуллаҳои баланди илмро фатҳ намуда, вориси ҳақиқии ниёгони хеш гарданд. Он вазифаҳое, дастуру супоришҳоро, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон дода мешавад, бо тамоми ҳастӣ ва сарбаландона иҷро намоянд.
Бабаев Ҳ.С. – дотсенти кафедраи аудит
ва ревизия факултети баҳисобгирӣ ва андоз